Рашт: Сарвазир 44 хонаи истиқоматиро ба истифода дод
Душанбе, 18.09.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- Субҳи имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Давлатзода Умед, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ба маҳаллаи навбунёд барои зарардидагони офати табиӣ дар ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт барои ба истифода додани 44 хонаи истиқоматӣ омаданд.
Сарвазири мамлакат ба 44 зарардидаи офати табиӣ калиди хонаҳоро супорид.
Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, дар натиҷаи боришоти зиёди борону жола дар таърихи 20 июли соли 2015 дар деҳаҳои Бедак ва Ҳалқарфи ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт сел омад, ки дар натиҷаи он зиёда аз 50 оила зарар диданд.
Аз ҷумла, 35 оила аз хонаҳои истиқоматӣ пурра маҳрум гардида, хонаҳои 8 оилаи дигар қисман зарар дида, истиқомат намудан дар онҳо ғайриимкон гардид. Ҳаҷми ҳисорот аз офати табиӣ ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи ноҳияи Рашт 3 миллиону 714 ҳазору 198 сомониро ташкил дода, барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ маблағҳои зиёд ва аз нигоҳи аввал вақти зиёд лозим буд.
Мувофиқи дастури Роҳбари давлат хонаҳои истиқоматии мазкур аз ҷониби вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ пурра бо маводу таҷҳизоти рӯзгор, либосвор, хӯрокӣ ва сӯзишворӣ барои давраи тирамоҳу зимистон таъмин шуданд. Роҳҳои маҳалии мавзеи зарардида ва маҳаллаи навбунёд таъмиру тармим шудаанд.
Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои аввали рух додани ин ҳодиса мардуми ноҳияи Рашт дастгирию ҳамдардии мардуми шарифи тоҷикро аз гӯшаю канори ватани азизамон эҳсос мекарданд ва аз он шукргузорӣ менамоянд, ки имрӯз дар ин сарзамин сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии миллати куҳанбунёд ҳукмфармо гардидааст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






