Рушд ва дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият

Сентябрь 11, 2015 11:27

Душанбе, 11.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ имкон дод, ки дар самти сиёсати хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комёбиҳо мушарраф гардад». Худойбердӣ Холиқназар -директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар ин матлабро 11 сентябр дар конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ, ки дар мавзӯи «Хусусиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият» баргузор гардид, иброз дошт. Номбурда доир ба  марҳилаҳои  асосии рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони  истиқлолияти давлатии  кишвар, хусусан ташаккул ва дастовардҳои сиёсати хориҷии кишвар дар солҳои истиқлолияти давлатӣ сухан кард. Зикр шуд, ки маҳз баргузории иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи ниҳоят ҳасоси вазъи сиёсии Тоҷикистон баргузор гардид, миллати тоҷикро аз парокандашавӣ наҷот дод. Х. Холиқназар таъкид кард, ки дар он давраи мураккаби  сиёсӣ, ки Тоҷикистонро хатарҳои зиёд таҳдид мекард, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо иродаи қавӣ ва хиради азалӣ миллати тоҷикро сарҷамъ намояд. Х. Холиқназар афзуд, ки дар он шароит маҳз бо кӯмаки кишварҳои дӯст -Русия ва Эрон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки яке аз дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати хориҷии кишварамон ба шумор меравад. Имзои ин санад сулҳи сартосариро дар кишвар таъмин намуд. Таъкид гардид, ки дар он шароити мураккаб Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар бисёр кишварҳои хориҷӣ намояндагии дипломатии худро ифтитоҳ намуда, ба бунёди иншооти муҳим дар кишвар шурӯъ кунад. Маҳз дар татбиқи се ҳадафи асосии стратегӣ- ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар қадамҳои муассир гузошта шуд. Агар дар соли 2000 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии /ММД/ кишвар 1,5 дарсадро ташкил дода бошад,  пас он дар соли 2008 новобаста ба хуруҷи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба 8,4 дарсад расид. Дар ин солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати хориҷии худ, ки чун сиёсати дарҳои боз эътироф гардидааст, бо бисёр кишварҳои ҷаҳон ва минтақа,  хусусан кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва кишварҳои шарики ин созмон  ҳамкориро дар тамоми бахшҳо тақвият дода, аз соли  2014 ба рушди устувор қадам гузошт. Зикр шуд, ки новобаста ба таҳримҳо алайҳи Русия дар иртибот ба қазияи Украина ва бӯҳрони молиявӣ рушди  ММД -и кишвар 2 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар ин росто ба имзо расидани Созишномаи СВОП байни Тоҷикистону Чин барои нигоҳ доштани тавозуни молиявии кишварамон, бахусус бозори асъор дар шароити бӯҳронӣ мусоидат менамояд. 
Дар конфронс ҳамзамон муовини вазири корҳои хориҷии кишвар Низомиддин Зоҳидӣ, сафирони кишварҳои Қазоқистон Агибай  Смагулов, Озарбойҷон Аббосалӣ Ҳасанов ва дигар дипломатҳо, олимону коршиносон доир ба хусусиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусияти асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон, таҷрибаи Ҷумҳурии Озарбойҷон  дар амалисозии  сиёсати хориҷии давлатӣ дар даврони истиқлолият ва соири масъалаҳои марбут ба тақвияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои мухталифи дунё ва созмонҳои муътабари байналмилалию минтақавӣ ибрози назар карданд.
Баргузор шудани чунин конфронс дар Душанбе бо ҳузури намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон арзёбии дастовардҳои  асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, таҳлили ҳадафҳо  ва самтҳои  асосии сиёсати хориҷӣ, омӯзиши зарфиятҳои  асосии дипломатияи Тоҷикистон дар раванди   ҷаҳонишавӣ ва таъсири таҳдидҳои нави глобалӣ ба дурнамои сиёсати хориҷии бисёрсамтӣ маҳсуб меёбад.

 

Сентябрь 11, 2015 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1247 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар гармхона бо усулҳои муосир маҳсулот парвариш мекунанд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир менамояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Пешвои миллат: «Ҳамеша шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва зиндагии орому осудаи худро ба ҷо оварем»
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Сергей Лебедев: «Қазоқистон аввалин мизбони Форуми волонтёрони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад»
Сардори Хадамоти алоқа бо фаъолияти ширкати «МегаФон Тоҷикистон» шинос шуд
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН. Наврасони Душанбе худро ситораи футбол эҳсос карданд