Сарвазир ба кори картошкапарварони Рашт баҳои баланд дод

Сентябрь 18, 2015 11:36

 Душанбе, 18.09.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  зимни сафари хеш дар ноҳияи Рашт ҳамроҳ бо ҳайати ҳамроҳонаш аз ҷараёни картошкачинии деҳқонони хоҷагии деҳқонии Наимӣ  дидан намуд ва аз масъулин натиҷаҳои иҷрои супоришҳои вобаста ба ин соҳаро пурсон шуд.
 Мутахассисони соҳаи кишоварзии ноҳия изҳор доштанд, ки деҳқонони ноҳия   имсол аз ҳар як гектар  замини картошка 251 сентнерӣ  ҳосил рӯёнида истодаанд. Сарвазири мамлакат ба кори картошкапарварон  баҳои баланд ва барои боз ҳам беҳтару осонтар шудани  парвариши ин сабзавот  ба деҳқонон  муслиҳатҳои судманд дод.

Сентябрь 18, 2015 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш