Семинари омӯзишӣ: «Нақши хадамоти дипломатӣ ва консулгариҳо дар муқовимат ба савдои одамон»
Душанбе, 28.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 28 сентябри соли 2015 семинар-тренинги дурӯзаи омӯзишӣ «Нақши хадамоти дипломатӣ ва консулгариҳо дар муқовимат ба савдои одамон», ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши 20 роҳбар-корманди консулгариҳо ва сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар муқовимат ба савдои одамон таҳия гардидааст, дар Душанбе оғоз ёфт.
Ҳадафи тренинг — кумак ба Вазорати корҳои хориҷӣ, сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷа барои коркард ва иҷро намудани чораҳои зарурӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва ҳимояи қурбониёни савдои одамон дар хориҷи кишвар аст, ки дар хориҷа эҳтимоли ҳодисаҳои савдои одамон зиёдтар мегардад. Ҳамчунин иштирокчиён бо нақши механизми миллии бозравонии қурбониёни савдои одамон барои кумак ба созмонҳои дахлдори ҳукумативу шаҳрвандӣ шиносоӣ пайдо менамоянд.
Семинар аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии таълимӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо маблағгузории Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико/шуъбаи давлатӣ оид ба мониторинг ва муқовимат ба савдои одамон (J/ TIP) ташкил шудааст.
Савдои одамон барои инсоният хатарнок буда, дар мубориза бар зидди он нақши сафоратҳо, консулгариҳо ва хадамоти муҳоҷирати бурунмарзӣ махсусан муҳим аст, зеро онҳо дар кишварҳои мизбон нуқтаи нахустини тамос байни мамлакат ва қурбониёни савдои одамон мебошанд.
Иштирокдорони семинар вазъи савдои одамонро дар Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузории навини миллӣ ва воситаҳои байналмилалиро муҳокима карда, бо таҷрибаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон шинос шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






