Шахсияти аъзои гурӯҳи хиёнатпеша ошкор мешавад

Сентябрь 6, 2015 08:04

Душанбе, 06.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Мувофиқи иттилои Вазорати корҳои дохилии мамлакат дар сар задани ҳодисаҳои нохуши рӯзҳои охир, ки боис ба марги нобаҳангоми 9 корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷароҳат бардоштани 6 хизматчии ВКД дар  арафаи ҷашни 24-умин солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, якчанд корманди собиқи Вазорати мудофиа даст доранд. Аз ҷумла афсарони вазорати мудофиа подполковник Мустафо Назаров — муовини командири бригадаи десантӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, майор Насим Юсуфов — нозири калони Раёсати молия ва буҷаи Вазорати мудофиа, ҳамчунин Кабиров Баҳодур ва Собиров Тоҷиддин, ки қаблан дар сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият намуда, ҳоло дар нафақа мебошанд ва ҳазор сомонӣ нафақа гирифта, ягон камбудие дар рӯзгори худ надорад, бо бемасъулиятӣ ва мусоидат кардан ба гурӯҳи ҷинояткори ҳоҷӣ Ҳалим сабаби марги одамони бегуноҳ шудаанд. Ин нафарон пеши роҳи содир шудани ҷиноятро гирифта метавонистанд ва ё ҳадди аққал имкон доштанд, ки мақомоти дахлдорро аз нақшаи содир шудани ҷиноят огоҳ кунанд, аммо бар асари бемасъулиятӣ ва ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористӣ боиси марги одамони бегуноҳ шуданд.
Дар баробари ин нафарон ҳамчунин, Фозилбек Аюбов ва Хуршед Холиқов, ки ғайриқонунӣ масъулияти муҳофизати ҳоҷӣ Ҳалимро ба дӯш доштанд, дар содир шудани ҷинояти вазнин гумонбар дониста мешаванд.
Узви дигари ин гурӯҳи хиёнатпеша сокини маҳаллаи Чортути ноҳияи Рӯдакӣ Файзулло Абдуллоев, ба талаби қонунии кормандони мақомоти дохилӣ барои таслим кардани силоҳ итоат накарда, ҷониби кормандони мақомоти қудратии мамлакат оташ кушодааст.
Муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкур қаблан тарҳрезӣ шуда, гурӯҳи ҷинояткор шоми 3-юми сентябр дар хонаи собиқ корманди Вазорати мудофиа Сироҷиддин Одинаев (лақабаш Ҳоҷӣ Сироҷ) — сокини кӯчаи Сари Осиёи шаҳри Душанбе ҷамъ омада, мунтазир ба дастури ҳоҷӣ Ҳалим буданд. Сироҷиддин Одинаев ҳамчун хазинадори гурӯҳи ҷиноятпеша фаъолият намуда, барои нигоҳдории гурӯҳи ғайриқонунӣ ба аъзои гурӯҳ моҳона 100 доллари ИМА ва маводи ғизоӣ медодааст. Чорабиниҳо барои муайян кардани аъзои боқимондаи гурӯҳ ва ошкор кардани ҳадафҳои онҳо аз тарафи сохторҳои дахлдор идома дорад.
Ёдрас мешавем,ки дар натиҷаи амалиёти муштараки мақомоти қудратии мамлакат то ҳоло 35 нафар узви гурӯҳи ҷиноятӣ дастгир, 13 нафар безарар ва зиёда 500 силоҳи оташфишон аз онҳо дарёфт ва мусодира шудааст. Амалиёт барои безараргардонии ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳамроҳони боқимондаи ӯ давом дорад.

Сентябрь 6, 2015 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад