Шахсияти аъзои гурӯҳи хиёнатпеша ошкор мешавад
Душанбе, 06.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Мувофиқи иттилои Вазорати корҳои дохилии мамлакат дар сар задани ҳодисаҳои нохуши рӯзҳои охир, ки боис ба марги нобаҳангоми 9 корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷароҳат бардоштани 6 хизматчии ВКД дар арафаи ҷашни 24-умин солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, якчанд корманди собиқи Вазорати мудофиа даст доранд. Аз ҷумла афсарони вазорати мудофиа подполковник Мустафо Назаров — муовини командири бригадаи десантӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, майор Насим Юсуфов — нозири калони Раёсати молия ва буҷаи Вазорати мудофиа, ҳамчунин Кабиров Баҳодур ва Собиров Тоҷиддин, ки қаблан дар сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият намуда, ҳоло дар нафақа мебошанд ва ҳазор сомонӣ нафақа гирифта, ягон камбудие дар рӯзгори худ надорад, бо бемасъулиятӣ ва мусоидат кардан ба гурӯҳи ҷинояткори ҳоҷӣ Ҳалим сабаби марги одамони бегуноҳ шудаанд. Ин нафарон пеши роҳи содир шудани ҷиноятро гирифта метавонистанд ва ё ҳадди аққал имкон доштанд, ки мақомоти дахлдорро аз нақшаи содир шудани ҷиноят огоҳ кунанд, аммо бар асари бемасъулиятӣ ва ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористӣ боиси марги одамони бегуноҳ шуданд.
Дар баробари ин нафарон ҳамчунин, Фозилбек Аюбов ва Хуршед Холиқов, ки ғайриқонунӣ масъулияти муҳофизати ҳоҷӣ Ҳалимро ба дӯш доштанд, дар содир шудани ҷинояти вазнин гумонбар дониста мешаванд.
Узви дигари ин гурӯҳи хиёнатпеша сокини маҳаллаи Чортути ноҳияи Рӯдакӣ Файзулло Абдуллоев, ба талаби қонунии кормандони мақомоти дохилӣ барои таслим кардани силоҳ итоат накарда, ҷониби кормандони мақомоти қудратии мамлакат оташ кушодааст.
Муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкур қаблан тарҳрезӣ шуда, гурӯҳи ҷинояткор шоми 3-юми сентябр дар хонаи собиқ корманди Вазорати мудофиа Сироҷиддин Одинаев (лақабаш Ҳоҷӣ Сироҷ) — сокини кӯчаи Сари Осиёи шаҳри Душанбе ҷамъ омада, мунтазир ба дастури ҳоҷӣ Ҳалим буданд. Сироҷиддин Одинаев ҳамчун хазинадори гурӯҳи ҷиноятпеша фаъолият намуда, барои нигоҳдории гурӯҳи ғайриқонунӣ ба аъзои гурӯҳ моҳона 100 доллари ИМА ва маводи ғизоӣ медодааст. Чорабиниҳо барои муайян кардани аъзои боқимондаи гурӯҳ ва ошкор кардани ҳадафҳои онҳо аз тарафи сохторҳои дахлдор идома дорад.
Ёдрас мешавем,ки дар натиҷаи амалиёти муштараки мақомоти қудратии мамлакат то ҳоло 35 нафар узви гурӯҳи ҷиноятӣ дастгир, 13 нафар безарар ва зиёда 500 силоҳи оташфишон аз онҳо дарёфт ва мусодира шудааст. Амалиёт барои безараргардонии ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳамроҳони боқимондаи ӯ давом дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






