Шиносоии Сарвазир бо фаъолияти ҶММ «Пакрут»
Душанбе, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Ваҳдат бо фаъолияти ҶММ «Пакрут» шинос шуд.
Фаъолияти корхонаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Ширкати давлатии Ҷумҳурии мардумии Чин оид ба истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои ранга (CNG) ба роҳ монда шуда, асосан ба коркард ва истеҳсоли тилло нигаронида шудааст.
Сарвазири мамлакат нахуст бо ҳолати коргоҳи истеҳсолӣ шинос шуда, сипас аз мавзеи истихроҷ ва коркарди аввалияи ашёи хом дидан намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, корхона дар марҳилаи аввал бо иқтидори истеҳсоли ду тонна тилло дар як сол фаъолият намуда, дар марҳилаи дуюм шуруъ аз соли 2018 иқтидори он ба истеҳсоли чор тонна тилло дар як сол расонида мешавад. Дар айни замон насбу васли таҷҳизоти корхона шуруъ гардида, коргоҳхои истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ ва анбори захираи ашёи хом омода карда мешаванд. Мувофиқи нақша дар корхона аз охирҳои моҳи октябри соли равон истеҳсоли маҳсулот оғоз гардида, давраи озмоишӣ гузаронида мешавад.
Дар бунёди иншооти алоҳида корхона, коркарди аввалияи ашёи хом ва захираи он айни замон зиёда аз 1270 нафар бо кор таъмин гардида, беш аз 60 фисади он коргарони маҳалӣ мебошанд.
Қоҳир Расулзода роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулони соҳаро вазифадор намуд, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ дар ин корхонаи истеҳсолӣ ва дар муҳлати муқараргардида мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






