«Созандагони Ватан» амали гурўҳи «ҳоҷӣ Ҳалим»- ро маҳкум намуд
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҳаёти ҳар халқу миллат санаҳое ҳастанд, ки дар таърихи он миллат бо ҳарфҳои заррин навишта мешаванд. Санаи 9 сентябр ҳамчун рўзи истиқлолияти давлатӣ дар таърихи муосири халқи тоҷик барои абад бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.
Зеро истиқлолият, тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуданд «…рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад.»
Дар радифи ин гуфтаҳои Ҷаноби Олӣ метавон гуфт, ки истиқлолият ин шарафу номуси ҳар фарди соҳибтафаккур ва ҳифзи он вазифаи ҷонии ҳар фарде аз миллати озодихоҳ аст.
Танҳо истиқлолият ба ҳар миллат имкон фароҳам меорад, ки озодона дар асоси арзишҳо ва хостаҳои миллӣ ташаккул ёбад ва худро ҳамчун миллати дорои фарҳанги хос муаррифӣ намояд.
Тӯли 24 соли истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик ва давлати муосири он таҳти сарварии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки худро ҳамчун давлати мустақил ва миллати дорои тафаккур ва фарҳанги созанда муаррифӣ намояд.
Дар шароити имрўзаи ҷаҳонию минтақавӣ ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аз ҳар як сокини ҷумҳурӣ масъулияти баланди шаҳрвандию миллиро тақозо менамояд. Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ба қадри ин дастовард расем, онро аз ҳама гуна хатар ҳифз намоем, бар зидди ҳамагуна зуҳуроте, ки ба истиқлолияти давлатӣ хатар эҷод мекунад, муборизаи беамон барем, аз ҳама гуна таассубу бегонапарастӣ ва тақлиди фарҳанги бегона парҳез намоем. Танҳо дар ҳамин ҳолат метавонем, бо ѓурур иброз намоем, ки ман шаҳрванди давлати соҳибистиқлолам ва онро ном Тоҷикистон аст.
Ба ҳар як фарди бо нангу номуси кишвар лозим аст, ки баҳри таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ атрофи ғояи миллии пешниҳоднамудаи Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол- Ватани маҳбуби ҳар яки мо» ва сиёсати дурусту хирадмандонаи он боз ҳам муттаҳидтар бошем.
Аз ин рў, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» рафтори ноҷавонмардонаи як гурӯҳи ҷиноиро, ки таҳти раҳбарии собиқ муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили иди фархундаи миллӣ – Рўзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда шуда, қасди ноором намудани ҷомеаро доштанд, қатъиян маҳкум менамояд.
Бо истифода аз фурсат аз номи ТҶҶ «Созандагони Ватан» тамоми мардуми кишвар, бахусус ҷавононро, ки парчамбардорони асосии ин давлати соҳибистиқлол мебошанд, табрику таҳният гуфта, барояшон дар роҳи ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ѓайрату матонат ва ҳисси баланди ватандорию меҳанпарастиро таманно менамоем.
Иди шарафбор- Рўзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Шўрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан»
Шаҳри Душанбе, 8 сентябри соли 2015








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






