Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Сентябрь 5, 2015 17:11
 Душанбе, 05.09.2015 (АМИТ «Ховар»). — Шоми имрӯз байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия  Владимир Путин суҳбати телефонӣ баргузор гардид.
Сарвари Россия баъди иттилоъ ёфтан аз вазъ дар Тоҷикистон тайиди комили ҷониби Россияро бо саъю кушишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият иброз дошт.
Президентҳои ду кишвар ба тавофуқ расиданд, ки ҳангоми вохурии сарони кишварҳои Созмони Аҳдноми Амнияти дастаҷамъӣ, ки ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, мулоқот намоянд.
Суҳбат дар фазои дӯстона ва созанда сурат гирифт.
Сентябрь 5, 2015 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид