Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ШАД СААД дар ҳайати васеъ

Сентябрь 15, 2015 13:10

ш. Душанбе, 15 сентябри соли 2015.
Ҳамтоёни муҳтарам,
Дӯстони азиз,
Дар ин иҷлосия вақти натиҷагирии фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ба ҳайси раиси СААД расид. 
Қариб дар нуҳ моҳ мо барои рушд ва таҳкими иқтидор,  баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти Созмон аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намудем.  Ин кор дар доираи Нақшаи татбиқи масъалаҳои ҷаласаи  Шӯрои амнияти дастаҷамъии соли гузашта,  ки моҳи декабр баргузор гардида буд  ва  афзалиятҳое, ки дар марҳилаи раисӣ дар СААД  эълон дошта будем, ба роҳ монда шуд.
Дар Тоҷикистон ҷаласаҳои Шӯроҳои вазирони корҳои хориҷӣ ва мудофиа, Кумитаи котибони Шӯрои амният, Кумитаи ҳарбии  созмон гузаронида шуд. Дар инҷо ҳамчунин ҷаласаҳои кории гурӯҳҳои мақомоти оинномавии СААД доир ба масъалаҳои Афғонистон ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони ниҳодҳои зиддимухадиротии давлатҳои аъзо, машқҳои тактикии махсуси ҷузъу томҳои таъиноти махсуси «Раъд — 2015» бо муваффақият гузаронида шуд.
Тафтиши ногаҳонии омодагии ҷузъу томҳои ҳарбии Нерӯҳои муштараки вокуниши фаврӣ (НМВФ) СААД дар қаламрави Тоҷикистон, ки нахустин чунун чорабинӣ дар таърихи созмони мо гузашта, сатҳи баланди малакаи ҳарбии тамоми ҷузъу томҳои ба ҳайати Нерӯҳои дастаҷамъона воридшавандаро нишон дод. Ин оғози саривақтӣ ва комилан дуруст аст ва моро зарур аст, ки чунин таҷрибаро идома диҳем. 
Мехоҳам қаноатмандии худро таъкид намоям, ки дар ҷаласаи пӯшида вазъияти дар минтақа ва ҷаҳон вуҷуддоштаро муфассал ва  манфиатнок  мавриди баррасӣ қарор додем. Он ба ҳамаи мо хуб маълум аст, — ташаннуҷи байналмилалӣ афзуда истодааст, дар ҳар кунҷи дунё  зулму шиканҷа афзоиш ёфта, таҳдиду хатарҳо шакли васеъ ва муташаккил касб мекунад ва ин шаҳодати истифодаи  моҳиронаи қувваҳои терроризми байналмилалӣ аз имконоти ҷаҳонишавӣ мебошанд.
Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳамтоёнашро дар маҷмӯъ ба вазъияти кунунии минтақа, бахусус ба вазъияти Афғонистон ҷалб кард. Ҳамаи мо ба мувофиқа омадем, ки ҳодисаҳои дар он ҷо руҳдиҳанда, аз мо амалҳои мувофиқашуда ва бетаъхирро барои таъмини ҳаёти осоиштаи кишварҳо ва мардумонамон талаб мекунанд. Мутаассифона, доираи таҳдиду хатарҳо ба амнияти минтақа маҳдуд намегардид ва ҳатто шояд густариш ёбад. 
Ин ҳолат ва ҳамчунин авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар ҳудуди СААД кӯшишу талошҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи моро барои ҳамоҳангсозии самаранок ва татбиқи чораҳои фаврӣ баҳри тақвияти имкониятҳои ҳарбӣ- сарҳадии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳамсарҳад бо Афғонистон ва роҳандозии ҳамкории иттилоотии самаранокро талаб мекунад.
Ин ҷаласа имкон дод, ки як зумра тадбирҳо, ки ба мукаммал намудани фаъолияти мо дар доираи СААД равона шудаанд, муайян карда шаванд. Инҳо — тақвияти омодагии ҷангӣ ва таъминоти моддию техникии қувваҳои дастаҷамъӣ ва воситаҳои зудамали онҳо, бо ин мақсад гузаронидани машғулиятҳо ва машқҳои муштарак, ба роҳ мондани табодули иттилооти доимӣ ва маҷмӯи иқдомҳои дигар оид ба таҳкими созмон мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба масоили ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии кишварҳои аъзо ва тақвияти ҳамоҳангсозии робитаҳо миёни корхонаҳои саноати ҳарбӣ аст. 
Ба назари мо, зарур аст, ки СААД бо Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ҳадафҳои ҳамсон доранд, робитаро густариш бахшад, ки ин ба ҳамоҳангӣ ва мувофиқаҳое, ки дар сатҳҳои гуногуни кӯшишҳои амниятӣ андешида мешаванд, мусоидат мекунад.
Албатта, ҳамчунин муҳим аст, ки минбаъд имкониятҳоро таҳким бахшида, низоми оинномавӣ ва кории мақомоти созмонро барои он ки онҳо ба тамоми ҳолат омода бошанд ва тамоми асбобу таҷҳизотро дар ҳолатҳои зарурӣ дар амал истифода баранд, такмил диҳем.
Ҳуҷҷатҳои барои имзо омоданамудаи коршиносони мо ба ҳалли ин ва дигар ҳадафҳо равона шудаанд, ки онҳоро мо ҷонибдорӣ мекунем. 

Сентябрь 15, 2015 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вобаста ба нақши Пешвои миллат дар рушди илму маориф ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад