Супоридани хонаҳои нав ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи Бадахшон

Сентябрь 19, 2015 14:25

Душанбе, 19.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, раиси вилояти Бадахшон Шодихони Ҷамшед, раиси ноҳияи Ишкошим Зикрхудо Самадов калиди хонаҳои навбунёд, ки бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида бунёд гардиданд, ба соҳибонаш супорида шуд. Аз ҷумла, ба Азизмаҳмад Маликшоев, ки солиёни зиёд дар Вазорати адлия кор карда, зимни адои хизмат маъюби дараҷаи якум гардид, хонаи нав дода шуд. Азизмаҳмад Маликшоев соҳиби як фарзанд мебошад ва дар айни замон тибқи супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз беморхонаҳои пойтахт-шаҳри Душанбе табобат мегирад. Калиди хона ба модари Азизмаҳмад-  Резагул Гулдасташоева супорида шуд. Бояд гуфт, ки тибқи супориши Президенти мамлакат ҷиҳози хонаи ин оила аз ҷониби Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ таъмин гардид. Хотиррасон бояд кард, ки ин хонаи истиқоматӣ чун дигар хонаҳои аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Бадахшон пеш аз муҳлат сохта шуд.

 

Сентябрь 19, 2015 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад