Таъсиси коргоҳу корхонаҳои нав дар Бадахшон

Сентябрь 3, 2015 05:25

Хоруғ,  03.09. 2015 (АМИТ   «Ховар» ).-  Ба ифтихори  ҷашни  истиқлолият дар шаҳри Хоруғ, якчанд  кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти хеш ба муваффақиятҳо ноил шудаанд аз номи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  бо мукофотҳои давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон   сарфароз гардиданд.  
Мукофотҳои олии давлатиро  муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим  супорида, се нафар  бо  медали «Хизмати шоиста»   ва ду нафар кормандони  соҳаи тандурустӣ  бо медали «Шафқат»  сарфароз гардиданд.  
Азим  Иброҳим  дар мулоқот бо фаъолони ҷомеаи  шаҳри Хоруғ, зикр кард, ки рӯзҳои  наздик талаботи сокинони вилоят баррасӣ гардида,  тибқи он   таъсиси  коргоҳу корхонаҳои нав дар минтақа,  истифодаи   нерӯи зеҳнии  мутахассисон ва  истеъдодҳо, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад.

Сентябрь 3, 2015 05:25

Хабарҳои дигари ин бахш