Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ
Душанбе, 17.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Қайроққум бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ маркази таълимию истеҳсолии ҳунарҳои анъанавӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Марказ дар ошёнаи дуюми бинои маъмурии ҷамоати шаҳрак созмон ёфта, дар он 5 устои ҳунарманд ба 20 шогирд атласу адрасбофиро меомӯзанд. Дар бахши дӯзандагӣ 4 нафар ба шуғл фаро гирифта шуда, 5 шогирд ҳунари қолинбофиро аз худ мекунад. Ба маркази таълимию истеҳсолӣ 4 дастгоҳи матоъбофӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, чор дастгоҳи қолинбофӣ ва чор мошини дӯзандагӣ аз тарафи Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дастрас гардид.
Раиси вилоят аз бунёди маркази таълимию истеҳсолӣ изҳори қаноатмандӣ намуд ва афзуд, ки бо ифтитоҳи чунин коргоҳҳои ҳунаромӯзӣ беш аз 1000 зани хонашини шаҳраки Сирдарё, ки се ҳазор нафар аҳолӣ дорад, дар оянда бо касбу маоши арзанда таъмин хоҳанд шуд, зеро бо дастгоҳҳои матоъбофие, ки пас аз гирифтани сертификат ба бонувон тақдим мешаванд, на танҳо атласу адрас, балки навъҳои дигари матоъ, аз қабили карбос, шоҳӣ, чит ва алочаро метавон истеҳсол кард. Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон тавсия дод, ки дар бахши гилембофӣ ҳунармандони марказ асосан ба истеҳсоли таблофаршҳо такя кунанд, чунки ин навъи қолинчаҳо имрӯз хеле серхаридор мебошанд ва фурӯши онҳо низ осонтар аст.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳоло дар вилоят 76 маркази таълимию истеҳсолӣ ташкил гардида, бо 263 дастгоҳи атласу адрасбофӣ таъмин шудаанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






