Таваҷҷуҳ ба содироти меваю сабзавоти хуштамъи Тоҷикистон ба Чин дар мулоқоти Э. Раҳмон бо Л. Шиюй
Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — 2 сентябр дар қароргоҳи Дяоюйтайи шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои директорони Бонки кишоварзии Чин Лю Шиюйро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ бо ин бонки бонуфузи Чин баррасӣ гардид.
Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки сол то сол муносибатҳои дӯстию ҳамкории мо сатҳу сифат ва мазмуну муҳтавои навро касб менамоянд ва иштироки фаъоли Бонки кишоварзии Чин дар баробари дигар ниҳодҳои молиявию иқтисодии чинӣ дар татбиқи барномаву лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории Тоҷикистон ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.
Иттилоъ дода шуд, ки Бонки кишоварзии Чин дар асоси созишнома “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” аз 13 сентябри соли 2014 бо маблағи 100 миллион доллари амрикоӣ баимзорасида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои мушаххас, аз ҷумла дар чаҳорчуби ҳамкорӣ бо Маркази сармоягузорӣ ҷалби мутахассисону коршиносони бахши бонкдории тоҷик дар машваратҳои омӯзишӣ дар Чин, маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва дигар тадбирҳоро амалӣ кардааст.
Ҷонибҳо қайд намуданд, ки дар доираи ҳамкории миёни Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Агроинвестбонк бо маркази сармоягузории Бонки кишоварзии Чин масъалаи омода намудани барномаҳоро барои маблағгузории лоиҳаҳо, аз ҷумла барои рушди соҳаҳои боғутокпарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, беҳсозии шабакаи обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав мавриди баррасӣ қарор дорад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон масъалаи рушди ҳамкориҳои судманди Бонки кишоварзии Чин бо дигар бонкҳои Тоҷикистон, бахусус бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон Амонатбонкро низ зарур шуморид.
Таваҷҷуҳи махсус ба содироти меваю сабзавоти хуштамъи кишвари мо, аз ҷумла гелоси Тоҷикистон ба Чин зоҳир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба хотири рушди ҳамкориҳои судбахш баррасӣ шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






