Тоҷикони Сибир: «Мо шаҳрвандони давлати соҳибистиқлолем ва он Тоҷикистон аст»
Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар вилояти Новосибирски Федератсияи Русия фаъолият доранд, рафтори ноҷавонмардонаи гурӯҳи ҷиноятпешаи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзодаро, ки қасди ноором намудани ҷомеаро дошт, қатъиян маҳкум мекунанд», — чунин омадааст дар муроҷиатномаи ташкилоти минтақавии «Ҳифзи ҳуқуқи тоҷикистониён»-и шаҳри Новосибирск. Тавре ки роҳбари ташкилоти мазкур Исроил Шарипов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар минтақаи Сибири Федератсияи Русия фаъолият мекунанд, аз сокинони Тоҷикистон, бахусус ҷавонон даъват мекунанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар роҳи ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ғайрату матонат ва ҳисси баланди ватандорию меҳанпарастӣ аз худ нишон диҳанд, зеро истиқлолият рамзи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстӣ мебошад.
«Вобаста ба шароити мураккаби ҷаҳони муосир мо, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи мамлакат вазифадорем, ки ба қадри истиқлолият бирасем, онро аз ҳама гуна хатар ҳифз намоем, бар зидди ҳама гуна зуҳуроте, ки ба истиқлолияти давлатӣ хатар эҷод мекунанд, муборизаи беамон барем, аз ҳама гуна таассубу бегонапарастӣ ва тақлиди фарҳанги бегона парҳез намоем. Танҳо дар ҳамин ҳолат ҳар яки мо метавонем дар алоҳидагӣ бо ғурур иброз намоем, ки шаҳрванди давлати соҳибистиқлолем ва онро ном Тоҷикистон аст»,-омадааст дар муроҷиатнома.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






