Тоҷикони Сибир: «Мо шаҳрвандони давлати соҳибистиқлолем ва он Тоҷикистон аст»

Сентябрь 14, 2015 06:13

 Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар вилояти Новосибирски Федератсияи Русия фаъолият доранд, рафтори ноҷавонмардонаи гурӯҳи ҷиноятпешаи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзодаро, ки қасди ноором намудани ҷомеаро дошт, қатъиян маҳкум мекунанд», — чунин омадааст дар муроҷиатномаи ташкилоти минтақавии «Ҳифзи ҳуқуқи тоҷикистониён»-и шаҳри Новосибирск. Тавре ки роҳбари ташкилоти мазкур Исроил Шарипов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар минтақаи Сибири Федератсияи Русия фаъолият мекунанд, аз сокинони Тоҷикистон, бахусус ҷавонон даъват мекунанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар роҳи ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ғайрату матонат ва ҳисси баланди ватандорию меҳанпарастӣ аз худ нишон диҳанд, зеро истиқлолият рамзи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстӣ мебошад.
«Вобаста ба шароити мураккаби ҷаҳони муосир мо, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи мамлакат вазифадорем, ки ба қадри истиқлолият бирасем, онро аз ҳама гуна хатар ҳифз намоем, бар зидди ҳама гуна зуҳуроте, ки ба истиқлолияти давлатӣ хатар эҷод мекунанд, муборизаи беамон барем, аз ҳама гуна таассубу бегонапарастӣ ва тақлиди фарҳанги бегона парҳез намоем. Танҳо дар ҳамин ҳолат ҳар яки мо метавонем дар алоҳидагӣ бо ғурур иброз намоем, ки  шаҳрванди давлати соҳибистиқлолем ва онро ном Тоҷикистон аст»,-омадааст дар муроҷиатнома.

 

 

Сентябрь 14, 2015 06:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад