Узви собиқи ҲНИТ: «Мо аз доми фиреб канор рафтаем»!

Сентябрь 15, 2015 07:38

Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Хонандаи закӣ ва ниҳоят гиромӣ! Банда собиқ аъзои Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Партоев Хайриддин, сокини деҳаи Белгии ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт мебошам. Мехоҳам оид ба масъалаи доғи рўз, ки аҳли кишварро нигарон намудааст ва дар ҳақиқат ҳам нигаронкунанда мебошад, каме ҳам бошад то сатҳи фаҳмиш ва донистаи худ ибрози назар намоям. Аслан сокинони водии Қаротегин ҷангҷӯ ва ифротӣ набуданд ва нестанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мо ҳама шоҳиди он ҳастем, ки моро роҳбарони Ҳизби наҳзати исломӣ – аъзои ИНОТ бо роҳи фиреб ва маҷбурӣ бо ин кашмокашиҳо ҳамроҳ карданд ва аз мавқеи ҷуғрофии ин водӣ, ки 99% кӯҳсор мебошад, ба манфиатҳои нопоки худ истифода намуданд. 
Хушбахтона, 27-уми июни соли 1997 ба таври расмӣ Созишномаи сулҳ имзо гардид ва пеши роҳи ин ҷанги бародаркуш гирифта шуд. Маҳз Ҳукумати ҶТ аз гуноҳи мо  — наҳзатиҳо гузашт, мо ва дар қатори мо ҳамаи мухолифинро бахшид. То имрўз ман ҳамчун як инсон аз ин авфи гуноҳ шукргузорӣ менамоям ва бояд ҳар як фарди тоҷик нагузорад, ки афроде, гурӯҳе ё ҳизбе ин амнияти Тоҷикистонро халалдор созад. Ҳамаи он саркардагон ва роҳбарони гурӯҳҳои террористӣ  мардуми одӣ буданд, аз сатҳи баланди хурофот, диндорӣ ва зудбоварии мо сӯистифода карданд. Маҳз онҳо сабабгори ҳамаи нохушиҳо ва бадномзадагии ин диёри зебоманзар мебошанд. Ногуфта намонад, ки Мулло Абдулло Раҳимов, ки аслан зода ва парвардаи  ин диёр набуд, то соли 2010 дар кӯҳҳои Қаротегин бо гурӯҳи сар то по мусаллаҳ маскан гирифта буд. Мо сокинони деҳот инро дарк мекардем, ки имрўз не рўзи дигар ба сари мардуми бечора Мулло Абдулло бало меорад. Чанд ҷавони ин диёр аз нофаҳмӣ бо айби Мулло Абдулло худро олуда карданд ва қурбон шуданд.  
Бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Рашт аз соли 1998 ба фаъолияти худ шуруъ намуд. Аҳолӣ ва ҳамзамон худи ман ҳам  гумон доштам, ки мусалмон бояд аъзои наҳзат бошад, баъдан тасаввуроти мо нисбати он дигар шуд. Аъзоёни он рўз то рўз кам шудан гирифтанд ва 14-уми майи соли 2015 мо аъзоёни Раёсат дар маҷлиси умумӣ ба қароре омадем, ки фаъолияти бахшро дар ноҳия ба пуррагӣ қатъ намоем, зеро рўз то рўз самти фаъолияти он ба назар монанди ғайбатхона айён шуда, самти ифротиро гирифта истода буд. Қарор ва протоколи дахлдор ба қароргоҳи ҲНИТ ирсол карда шуд. Оид ба ин масъала шахсан худи ман бо ҷаноби М.Ҳаит дар шаҳри Душанбе ҳамсуҳбат шуда будам. 
Санаи 04-уми сентябри соли равон боз як хабари нохуш сокинони минтақаро ба таҳалуқа андохт. Аъзои фаъоли ҲНИТ, Назарзода Абдуҳалим, ки миёни наҳзатиҳо бо номи «Ҳоҷӣ Ҳалим» шинохта мешавад, то вазифаи муовини Вазири мудофиаи ҶТ, бо рутбаи генерал-майор расида буд, ноҷавонмардона ба Ватани худ хиёнат кард. Аслан ман ин шахсиятро ҳамчун «ҳоҷӣ» эҳтиром намекардам.  Зеро, ки ў соли 2010 дар рафти амалиёти зидди террористии Мулло Абдулло ба ноҳияи Рашт ҳамчун шахси содиқ ба Ватан ба ҳайси роҳбар сафарбар шуда буд. Аммо дар ҳамон рўзҳое, ки волидони сарбозони кушташудаи дараи Камаров хун мегиристанд, «Ҳоҷӣ Ҳалим» дар ноҳияи Рашт ноболиғдухтари 16-соларо ба таври маҷбурӣ ба ҳайси зани сеюм гирифт.  Дар ин амалу рафтори ў аллакай ваҳшонияти ботинӣ ва хиёнат ба миллати тоҷик дида мешуд. Ман ҳамчун собиқ аъзои ҲНИТ, ба истилоҳ «ҳамақидаи Ҳоҷӣ Ҳалим», амалҳои ноҷавонмардона ва хиёнати «Ҳоҷӣ Ҳалим»-ро маҳкум менамоям. Ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ба миллати тоҷик муроҷиат карданиям, ки дигар фирефтаи дасисабозони манфиатҷӯ ва хоиноне ба монанди роҳбарони ҲНИТ ва «Ҳоҷӣ Ҳалим» нашавед. 
Шукронаи ҳамин сулҳу осоиштагӣ кунем. Ватанамонро худамон обод кунем.   

                          Партоев Хайриддин сокини д.Белгии
 ҷ/д. Қалъанаки н.Рашт

14.09 соли 2015 

Сентябрь 15, 2015 07:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ПАРАСТУ». Дар Бӯстон басти аввали истироҳатгоҳи шаҳрӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Ховалинг дар зиёда аз 600 гектар кишти картошка гузаронида мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ ҳамоиш баргузор мешавад
Тавсия: барои алоқа дар Узбекистон маблағ камтар сарф мекунем
Дар соҳили Сирдарё барои истироҳату фароғат шароити хуб фароҳам оварда шудааст
Президенти Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи олӣ — муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад