Ваҳдат асоси рушди миллат аст
Душанбе, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ифротгароӣ имрӯз ба як мушкилии ҷаҳонӣ табдил ёфта, аксари мамолики оламро ба ташвиш овардааст. Воқеахои рӯзҳои аввали моҳи сентябр, ки дар Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастанд, мардуми моро бв ташвиш овардаанд. Ин исён моро водор месозад, ки нисбат ба ин масъала бетафовут набошем ва ваҳдати ба душворӣ ба даст омадаро ҳифз намоем. Мо имрӯз кӯшиш ба харҷ диҳем, ки насли наврас таълими комили дунявию муосир гирифта аз асрори технологияҳои нав хабардор бошад. Мутаассифона, вақтҳои охир аксар ҷавонон аз надоштани иттилооти дақиқ, паст будани савияи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро, ки ба ном «исломӣ» мебошанд ва бо ин кирдорашон нуфуз ва манзалати исломро дар олам паст мезананд, шомил мешаванд. Оё онхо намедонанд, ки оқибати ин бозиҳои сиёсӣ ба некӣ намеанҷомад. Ҳоло дар Ироқ, Сурия, Ливия, Яман ҳокимияти давлатии комил вучуд надорад. Қариб ба ҳамаи ин давлатҳо хавфи аз харитаи дунё нест шудан таҳдид мекунад. Барои ҳамин, дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 90%-и аҳолӣ мусулмон аст, ҳеҷ зарурати ҳизби динӣ дида намешавад. Ҳизбӣ шудани диндорон ба тафриқа дар ҷомеа оварда расонид. Мо бояд мардуми азияткашидаи худро аз ин гуна хатарҳою бадбахтиҳо огоҳ кунем. Ваҳдате, ки бо ҷонбозиҳо ба даст омадааст ва дар таърихи халли низоъҳо, муноқишаҳо, хотима бахшидан дар чанги шахрвандӣ беназир аст, бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта шавад, то рушду нумӯи кишвари азизи мо халалдор нагардад.
А. Ғафуров, Ф. Абдурашитов, кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






