ВКД: 13 узви дастаи ҷинояткори ҳоҷӣ Ҳалим кушта ва 32 нафараш ба даст афтоданд. Хабари ҳалокати 33 корманди сохторҳои қудратӣ асос надорад

Сентябрь 5, 2015 08:14

Душанбе, 05.09.2015. (НИАТ «Ховар»). —  Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки хабари дар сомонаи «Азия-Плюс» ва чанд расонаи хориҷӣ паҳнгашта дар бораи он, ки гӯё дар ҷараёни ҳодисаҳои рухдода 33 нафар кормандони ВКД ва Вазорати мудофиа ба ҳалокат расидаанд, асоси воқеӣ  надорад ва аз тарафи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҳам чунин иттилоот  дода нашудааст.
Гузашта аз ин, аз маркази матбуоти ВКД хабар медиҳанд, ки амалиёти якҷояи ВКД, КДАМ, ВМ ва дигар сохторҳои қудратӣ идома дорад. Дар натиҷа, то ин ҳолат 13 узви  гурўҳи ҷинояткори Назарзода А.М. нобуд гардида,  32 нафараш дастгир шудаанд. Аз ин гурўҳ зиёда аз 500 яроқу аслиҳаи ҷангӣ мусодира карда шуд. Инчунин якчанд махфигоҳи яроқу аслиҳа ва автомашинаҳои тамғаҳои гуногуни «ҶИП» ва «Седан» дарёфт карда шуд.
Худи Назарзода Абдуҳалим бо ҳамроҳии 7-8 нафар ҳаммаслаконаш дуртар аз шаҳри Душанбе ба масофаи 150 километр дар дараи Ромит пинҳон шудааст. Гирду атрофи ин минтақа пурра ба иҳота гирифта шуда, амалиёт барои дастгир ва безарар гардонидани онҳо идома дорад. 
Бародари Назарзода А.М., Назаров Мирзоҳаёт Мирзоевич, соли таваллудаш 1972, ихтиёран худаш аз ин гурўҳ ҷудо шуда, ба ВКД ҳозир шуд. Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ идома дорад. 
Бояд қайд кард, ки ҳангоми ҳуҷуми мусаллаҳонаи ин гурӯҳи ҷинояткор 9 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расида, 6 кас  ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардоштанд.
Вазъият дар ҷумҳурӣ тинҷу ором буда, таҳти назорати қатъии мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. 

 

 

Сентябрь 5, 2015 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ