ВКД: Хабари тирпаронӣ дар канори Душанбе асос надорад

Сентябрь 6, 2015 03:29

Душанбе, 06.09.2015, (АМИТ «Ховар»).  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода вобаста ба хабари дар расонаҳои иттилоотии радиои «Озодӣ» ва «Сентр-Азия» паҳншуда, дар хусуси он ки гӯё бегоҳии рӯзи 5-уми сентябр дар даромадгоҳи шаҳри Душанбе ҳамла ба дидбонгоҳи БДА сурат гирифта, тирпаронӣ ба сӯи кормандони ВКД ба амал омадааст, изҳор кард, ки ин хабар ягон асоси воқеӣ надорад. Амалиёти муштараки сохторҳои қудратӣ барои маҳв кардани гурӯҳи ҷинояткори ҳоҷӣ Ҳалим идома дошта, вазъият пурра таҳти назорат қарор дорад.
Паҳн кардани чунин хабарҳои бардуруғро дар Вазорати корҳои дохилӣ «иғвогарии бадхоҳон» намуданд.
Хотиррасон бояд кард, ки бадхоҳон дирӯз низ, ҳамин гуна хабари бардуруғро дар расонаҳои иттилоотӣ паҳн карда буданд, ки гӯё 33 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ дар рафти амалиёт ҳалок шуда бошанд. 

Сентябрь 6, 2015 03:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид