ВКД ҶТ: Террористон узви ҲНИТ буданд, як қисме аз онҳо мехостанд бо либоси занона фирор кунанд. Нисбат ба 100 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст
Душанбе, 17.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба АМИТ «Ховар» гузориши муфассал ворид гардид, ки дар он чунин омадааст:
«Чуноне ҳамватанон огаҳ ҳастанд, соати 04:30-дақиқаи субҳи 4-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта, боиси марги якчанд корманди милитсия гардид. Дар ҳамон вақт дар кӯчаи Аҳмади Дониш, наздикии гардиши «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» низ амалиёти мусаллаҳона аз ҷониби гурӯҳи ҷиноятпеша содир шуд, ки мутаассифона, боиси марги чанд тани дигар гардид.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ маълум гардид, ки амалиёти мусаллаҳона ва гурӯҳи террористиро собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо, ки дар байни пайравонаш ҳамчун Ҳоҷӣ Ҳалим ном бурда мешуд, роҳбарӣ кардааст.
Назарзода Абдуҳалим ҳамон нафаре буд, ки дар гузашта ҳамчун аъзои фаъоли Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик бар зидди сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бурда, новобаста аз кирдорҳои содирнамудааш, ба хотири сулҳу амнияти ҷомеа ва осоиштагии мардум аз ҷониби Ҳукумати кишвар гуноҳҳояш авф карда шуда, ба мансаби давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ таъйин гардид.
Илова бар ин, дар ин муддат Назарзода Абдуҳалим бо истифода аз мақому мансаби худ ғайриқонунӣ ба азхудкунии якчанд корхонаву фабрика ва фермаҳои чорводорӣ, боғу заминҳои кишоварзӣ даст зада, соҳиби сарвату моли зиёд гардида буд. Вале авфи гуноҳ, мансабу рутбаи олии ҳарбӣ, ҷамъоварии молу сарват ҳеҷ натавонистанд, ки тинати нопок, афкору ақидаи ғаразноки ӯро тағйир диҳанд. Назарзода Абдуҳалим бо ин амалу кирдори ноҷавонмардонаю хоинонаи худ на танҳо савганди ёднамудаи ҳарбии худро шикаст, балки ба нону об, ба хоки муқаддаси аҷдодии худ носипосию кӯрнамакӣ намуда, сулҳу амнияти Ватан ва рӯзгори осоиштаи мардумро халалдор кардан мехост. Вале ҷасорату мардонагӣ ва нангу ори фарзандони содиқи миллату давлат, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар кумитаву сохторҳои низомии кишвар бо заҳмату фаъолияти шабонарӯзии худ нагузоштанд, ки ин фарзанди хоини Ватан ва пайравонаш ба мақсади нопоки худ расанд.
Гарчанде дар рафти амалиёти мусаллаҳона талафоти ҷонӣ аз тарафи кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии мамлакат ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, вале ҷон фидо кардан дар ҳимоя ва ҳифзи Ватан ин қаҳрамонист.
Дар рафти амалиёти безараргардонии ин гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунии террористӣ аз онҳо 640 адад силоҳи оташфишон ва миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ дарёфту мусодира карда шуд.
Дар натиҷаи амалиёти махсус 139 гумонбари гурӯҳи ҷиноятпеша боздошт шуда, нисбат ба 100 нафари онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад. Ҳамчунин дар рафти амалиёт 27 аъзои гурӯҳи террористӣ безарар гардонида шуда, бо ёрӣ ва ҳамкории аҳолӣ бо мақомот 28 нафари дигар дастгир шуда, 11 гумонбар ихтиёран таслим гардиданд.
Аксарияти дастгиршудагони ин гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буда, қисмати зиёдашон қаблан бо ҳамин ҷурм, аз ҷумла, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дар маҳбас нишаста, баъди озод гардидан боз ба ин гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор шомил гардидаанд.
Бисёре аз аъзои ин гурӯҳ, ки ба худ номи ҳоҷӣ, мулло ва эшонро дошта, худро тақводору намозгузор меҳисобиданд, аз ҷумла Назарзода Абдуҳалим бо тахаллуси «Ҳоҷӣ Ҳалим», Ҷунайдулло Умаров бо тахаллуси «Эшони Ҷунайд», Умар Юнусов бо тахаллуси «Мулло Умар» ва дигарон даст ба рехтани хуни бегуноҳон зада, бо ин амалу кирдори нангин хиёнат ба давлату миллат ва мардуми Тоҷикистон карданд.
Бархе аз аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша барои пинҳон намудани кирдори ҷинояткоронаи худ либоси занона ба бар карда, мехостанд фирор кунанд, вале ҳушёрию зиракии кормандони сохторҳои низомии мамлакат ин амали маккоронаю ҷинояткоронаи онҳоро ошкор сохт.
Гарчанде Назарзода Абдуҳалим бо пайравонаш сар то по мусаллаҳ, дар мавзеъҳои касногузари дараи Ромити шаҳри Ваҳдат паноҳ мебурданд, дар натиҷаи амалиёти махсус 16-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби кормандони ВКД, дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ва дигар сохторҳои қудратии кишвар ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ пурра несту нобуд карда шуд.
Аз ҷумла, худи Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, эшони Ҷунайд Умаров, мулло Умар Юнусов ва нафарони дигар, ки ҳамчун охирин аъзои фаъоли гурӯҳи террористӣ ҳисоб мешуданд, безарар гардонида шуда, ҳангоми аз назаргузаронии қароргоҳи онҳо силоҳу лавозимоти ҷангӣ дарёфту мусодира карда шуд.
Ёдрас месозем, ки рух додани чунин як амали хиёнаткорона, ки бевосита бар зидди сулҳу ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Ватан тарҳрезӣ шуда буд, дар қатори кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар шаҳрвандони бо нангу ор ва ватандӯстро бетараф нагузошт.
Бо истифода аз фурсат, барои ҳамкорӣ ва мусоидат дар дастгиру безараргардонии гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунии Ҳоҷӣ Ҳалим, Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳамаи он нафароне, ки кумаки худро дареғ надоштанд, изҳори сипос менамояд.
Корнамоию қаҳрамониҳои ҷавонмардони шуҷою далер, ки барои тинҷию ободӣ ва амнияту осоиштагии Ватан ҷони худро нисор кардаанд, дар саҳифаҳои таърихи давлату миллат бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд».