Волии Қундуз: «Ман ба шумо тоҷикон ҳасад мебарам»

Сентябрь 11, 2015 11:09

Душанбе, 11.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯзҳо волии вилояти Қундузи Ҷумҳурии исломии Афғонистон устод Сафимуҳаммади Умар дар меҳмонии пойтахти азизи кишварамон шаҳри Душанбе қарор дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки бо устод суҳбат доир намуда, пешкаши хонандагон гардонад. Инак, фишурдаи суҳбат бо эшон:

АМИТ «Ховар»: — Устод ҳангоме, ки ба Душанбе ворид гардидед, онро чӣ гуна дарёфтед. Чанд сухан оид ба таассуроти хеш  дар бораи пойтахти Тоҷикистон мегуфтед. 

Сафимуҳаммади Умар: — Ба ростӣ, вақте ки ман ба Душанбе ворид мегардам, пеш аз ҳама аз ободиву пешрафти воқеии он, аз меҳмоннавозию пазироии мардуми тоҷик ва сокинони пойтахт хушҳол мешавам. Баъдан сафари ман ба рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Бинобар он тамоми мардуми тоҷикро бо ин рӯзи фархунда табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як сокини Тоҷикистон, хушбахтию фараҳмандиро орзу мекунам. Таманнои онро дорам, ки дар Тоҷикистони ҳамсоякишварам ҳемеша сулҳу субот ва оромию осудагӣ ҳукмфармо бошад. Тавре ки ман мушоҳида намудам, дар тамоми гӯшаю канори пойтахт, дар кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳои он тантанаҳои ҷашнӣ ва хурсандию сурур идома дорад. Дар чеҳраҳои мардум хушҳолию фараҳро бараъло эҳсос менамоям. Аз Худои мутаол ҳаминро талаб мекунам, ки дар Душанбеи азиз, ки ба қавли мардуми Афғонистони мо боғшаҳр аст, ҳамеша тинҷию амонӣ ва шодию сурур бунёдӣ бошад. Ростӣ, ман то андозае ба Шумо, тоҷикон ҳасад мебарам, ки тавонистед дар қиёс ба кишвари ман, ки айнан ҳамин замину обу ҳаворо дорост, фарсахҳо пеш рафтед.  

АМИТ «Ховар»: -Чанд сухан дар хусуси  афкору андешаҳои мардуми вулусволии Қундуз нисбат ба тоҷикон ва Тоҷикистон иброз менамудед. 

Сафимуҳаммади Умар: — Ман бояд ба таври ошкоро воқеиятро баён намоям, ки дар ҳақиқат тамоми мардуми вилояти Қундуз, ҳатто аксарияти аҳолии Афғонистон ба Тоҷикистон ҳамчун ҳамсоякишвар меҳру муҳаббати бепоён доранд. Зеро мардуми Тоҷикистону Афғонистон решапайванд буда, риштаҳои таърихии ҳамҷаворӣ, ҳамзабонӣ ва дорои фарҳангу тамаддуни муштарак мебошанд. Аҳолии Афғонистон, хосатан шаҳри Қундуз, ки мунтазам ба Тоҷикистон рафтуомад доранд, аз тинҷию осудагии ин ҷо ҳасрат менамоянд ва бисёр фахр мекунанд. Онҳо орзу менамоянд, ки дар Афғонистон ҳам мисли Тоҷикистон осудагию оромӣ рӯзе фаро расад. Бовар кунед, ман як масъаларо бояд махсус қайд намоям, ки мардуми Тоҷикистон, бахусус ҷавонон бояд пеш аз ҳама ба қадри тинҷию оромии ин сарзамин бирасанд. Ин раҳмати Худо аст, ки дар мулки Шумо сулҳ бунёдӣ гардидааст. 

АМИТ «Ховар»: — Ҳангоми дар Душанбе будан, Шумо албатта оид ба хиёнати генерал Абдуҳалим Назарзода шунидед?

Сафимуҳаммади Умар: — Таърихи Афғонистон аз ин гуна хиёнатҳо бисёр ёд дорад. Фақат ҳаминро мегӯям, ки генерали хоини Шуморо ҳатман худо мезанад. Зеро ба ин гуна Ватан ва ин гуна  мардум хиёнат кардан дигар ҷазо надорад. 

АМИТ «Ховар»: — Дар расонаҳои Тоҷикистон оид ба бастани ҲНИТ низ бисёр менависанд. Шумо, ки сиёсатмадори варзида ҳастед, дар ин хусус чӣ ақида доред? 

Сафимуҳаммади Умар: — Бадбахтона дар кишвари ҷангзадаи Афғонистон зиёда аз 30 сол кашмакашу нооромиҳо идома дорад. Аҷиб он аст, ки тамоми ҷангу хунрезӣ ва ваҳшонияту куштор дар зери ниқоби ислом ва ҳизбҳои «исломӣ» сурат мегиранд. Бо нидои «Аллоҳу акбар» масҷидҳоро метарконанд, занону тифлонро сар мебуранд, шаҳрҳоро хароб месозанд…   Тамоми нерӯҳои солими Афғонистон, аз ҷумла рӯҳониёни муътабари он якдилона ба хулосае расидаанд, ки парчами ислом дар дасти золимони хунхор ва пуштибонҳои аҷнабии онҳо ба василаи террору фишор ва хунрезию хонабардушии афғонҳои мазлум гаштааст. Аз ин рӯ, аз бародарони тоҷики худ холисона такозо дорам, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳизбу танзимбозиҳо, махсусан бо истифодаи вожаи муқаддаси ислом роҳ надиҳанд. Ба бародарони наҳзатӣ гуфтаниам, ки агар онҳо дар ҳақиқат миёни мардум эҳтиром доранд, бе сӯистифода аз номи ислом амал намоянд. 

АМИТ «Ховар»: -Чанд моҳи охир оид ба ташаннуҷи вазъ дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳамсарҳади ҶИА бисёр менависанд. Дар ин хусус чизе мегуфтед.

Сафимуҳаммади Умар: — Мутаассифона Афғонистон ба арсаи талошҳо ва кашмакашҳои абарқудратҳо табдил ёфтааст. Вақтҳои охир ҷабҳаи ҷанг ба шимоли кишвар кашида шудааст. Вале мутмаинан изҳор медорам, ки Ҳукумати Афғонистон ва мардуми шарафманди он, ки дар симои Тоҷикистон дӯст ва бародарони гиромии худро мебинанд, ҳеҷ гоҳ иҷозат нахоҳанд дод, ки кишвари бародар ва биҳиштосои Тоҷикистон ноором гардад. 
Бо истифода аз фурсат бори дигар дӯстони азизи тоҷикистонии худро бо ҷашни Истиқлолият таҳният мегӯям ва ба кишвари дӯст ободию пешрафт ва сарсабзиро хоҳонам.

Мусоҳибаи Акрам Сангов

Сентябрь 11, 2015 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад