Зуҳуров ба «Дарахти сулҳ» нишони хотиравӣ гузошт

Сентябрь 3, 2015 09:36

Душанбе, 03.09.2015. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯз дар радифи сад раиси парлумони кишварҳои дунё  дар маросими гузоштани нишони хотиравӣ ба «Дарахти сулҳ»-и қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд.
Ҳайати парлумонии  Тоҷикистон ҳамзамон дар доираи конфронси  чоруми ҷаҳонии  раисони парлумонҳои дунё аз осорхонаи марказии Ню -Йорк  ва дигар ёдгориҳои таърихии Амрико дидан намуданд. Бо ҳамин сафари  ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Амрико ба анҷом расид. 

Сентябрь 3, 2015 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш