42 ҷангии «Толибон» дар Афғонистон маҳв карда шуд

Октябрь 19, 2015 12:57

Душанбе, 19.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи як амалиёти махсуси муштараки неруҳои амниятии Афғонистон 42 ҷангии «Толибон» маҳв карда шуд. 
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар раванди ин амалиёт 31 силоҳбадасти ифротӣ маҷрӯҳ ва 2 тани дигар боздошт гардид. 
Ба неруҳои давлатӣ муяссар шуд, ки аз қароргоҳи силоҳбадастон ба миқдори зиёд аслиҳа, таҷҳизоти тарканда ва дигар муҳимоти ҷангиро дарёфт ва мусодира кунанд. 
Амалиёти густурдаи поксозии зиддитеррористӣ дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон идома дорад. 

 

Октябрь 19, 2015 12:57

Хабарҳои дигари ин бахш