Адвокат Ёров Бузургмеҳр маблағи пулии шаҳрвандро барнагардондааст
Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки аз хадамоти матбуоти ВКД ҶТ иттилоъ доданд, ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиати навбатӣ оид ба ҳаракатҳои ғайриқонунии адвокати Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёров Бузургмеҳр Равшанович ворид шудааст.
Ёров Бузургмеҳр Равшанович бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, аввалҳои моҳи марти соли 2012 ба боварии шаҳрванд Одинаев Эмомалӣ Талбакович, сокини шаҳри Роғун даромада, бо сӯйистифода аз бовар барои корҳои шахсияш ба муҳлати кӯтоҳ аз ӯ 200 доллари амрикоӣ дархост намудааст.
Одинаев Эмомалӣ Талбакович шахсияти Ёров Бузургмеҳрро ба инобат гирифта, ба охирин маблағи зикргардидаро дастрас менамояд. Б. Ёров новобаста аз он, ки шароити вазнини Одинаев Эмомалиро медонист, ӯро пайваста сарсону саргардон намуда, то ҳол маблағи гирифтаашро бар нагардонидааст.
Аз рӯи далели мазкур нисбат ба гумонбаршуда Ёров Бузургмеҳр Равшанович парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






