Афғонистон аз Русия ёрӣ талабид
Душанбе, 06.10.15. (АМИТ «Ховар»). Кобул дар муборизаи зидди гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ба ёрии Русия эҳтиёҷ дорад. Ноиби аввали президенти Афғонистон генерал Абдурашид Дӯстум баъди мулоқот бо роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар ин бора хабар дод.
«Дӯстум изҳор дошт «Давлати исломӣ» кӯшиш дорад, ки Афғонистонро ба такягоҳи худ табдил диҳад. Барои ҷилавгирии ин хатар Кобул, чун Сурия, ба дастгирии Русия зарурат дорад. Мо итминон додем, ки роҳбарияти Русия аз рӯи ин масъала қарори мусбат қабул мекунад», — навиштааст дар саҳифаи сомонаи иҷтимоии худ Рамзан Қодиров.
Зимни мулоқот масоили ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратию фарҳангӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки бо хоҳиши президенти Сурия Башор Асад 30 сентябр ҳавопаймоҳои Русия барои зарба задан ба мавқеъҳои «Давлати исломӣ» ба амалиёти махсус шурӯъ карданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






