Афғонистон аз Русия ёрӣ талабид

Октябрь 6, 2015 06:05

Душанбе, 06.10.15. (АМИТ «Ховар»).  Кобул дар  муборизаи  зидди  гурӯҳи  террористии  «Давлати  исломӣ»  ба  ёрии Русия  эҳтиёҷ  дорад. Ноиби  аввали президенти  Афғонистон генерал Абдурашид  Дӯстум  баъди  мулоқот  бо  роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар  ин  бора  хабар  дод. 
«Дӯстум изҳор  дошт «Давлати  исломӣ»  кӯшиш дорад, ки  Афғонистонро  ба такягоҳи  худ табдил  диҳад.  Барои ҷилавгирии ин хатар Кобул, чун  Сурия,  ба  дастгирии Русия зарурат  дорад. Мо итминон  додем, ки  роҳбарияти  Русия  аз  рӯи  ин  масъала қарори  мусбат қабул  мекунад», —  навиштааст дар  саҳифаи сомонаи  иҷтимоии  худ   Рамзан  Қодиров. 
Зимни  мулоқот  масоили  ҳамкории  иқтисодӣ ва  тиҷоратию  фарҳангӣ  мавриди  муҳокима  қарор  гирифт.
Ёдовар  мешавем, ки бо  хоҳиши  президенти  Сурия  Башор  Асад 30  сентябр ҳавопаймоҳои  Русия  барои зарба  задан  ба  мавқеъҳои «Давлати  исломӣ»  ба амалиёти  махсус шурӯъ  карданд. 

 

Октябрь 6, 2015 06:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид