Афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар 9 моҳ

Октябрь 14, 2015 09:46

Душанбе, 14.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар нӯҳ моҳи сипаришудаи соли 2015 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1,6 млрд. доллари амрикоиро ташкил дод. 
Дар ин давра чун солҳои гузашта ҳиссаи воридот калон буда, он 1,2 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,5 фоиз паст рафтааст.
Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра ба 369,6 млн. доллар баробар гардида, 39,2 фоиз афзиш ёфтааст.

Октябрь 14, 2015 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш