Ҷаласаи сайёри ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилояти Хатлон
Душанбе, 08.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — 7 октябр дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси ситоди ҷумҳуриявии зимистонгузаронӣ Азим Иброҳим ҷаласаи сайёри ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилояти Хатлон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 баргузор гардид. Дар ҷаласа доир ба омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон маълумоти роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, ҳамчунин сардорони идораву раёсатҳои дахлдори вилоятӣ шунида шуд.
Тавре ки таъкид гардид, мутобиқи маълумоти таҳлилӣ аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соҳаи маориф нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати таъминот бо маводи сӯхт 18 ноҳия иҷро намудааст.
Дар соҳаи тандурустии вилоят аз 25 шаҳру ноҳия нақшаи таъминоти ангишт ва ҳезум мутаносибан дар 15 шахру ноҳия ичро гардидааст. Таҳлили маълумоти маблағгузорӣ нишон медиҳад, ки дар соҳаи маориф бо мақсади ташкили таъминот бо маводи зарурӣ барои зимистонгузаронӣ 59,9 фоиз ва дар соҳаи тандурустӣ 61,5 фоизи маблағҳо сафарбар ва аз худ карда шуда, боиси иҷро нагардидани нақшаи чорабиниҳо гардидаанд.
Муовини Сарвазир таъкид намуд, ки корҳои банақшагирифташудаи зимистонгузаронӣ дар ҳудуди вилоят фаротар аз масъалаҳои зимистонгузаронӣ буда, ба беҳдошти сатҳи некўаҳволии мардум равона шудаанд. Дар ин радиф нишондиҳандаҳои маорифу тандурустии вилоят нокифоя буда, масъулини шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ҷиҳати сари вақт иҷро намудани нақшаҳои тасдиқгардида тадбирҳои амалӣ андешанд. Чорводорон ва кишоварзони минтақаҳои вилоят дар барои зимистонгузаронии чорво захираи хўроки дуруштро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондаанд, аммо захираи хўроки ширадор то 01.10.2015 ҳамагӣ 15624,2 тоннаро ташкил медиҳад, ки 30 фоизи нақша мебошад. Иҷро нагардидани нақшаи таъминот бо хўроки ширадор дар миқёси вилоят аслан аз ҳисоби ноҳияҳои Бохтар (32фоиз), Вахш (11,8%), А.Ҷомӣ (51,4%), Ҷ.Румӣ (4,1%), Ҷиликул (19,4%), Қубодиён (22,4%), Ёвон (32,3%), Восеъ (8,7%), Фархор (8,7%) ва Ҳамадонӣ (12,2 %) ба амал омадааст. Корхонаҳои дар вилояти Хатлон будаи ШСХК «Барқи Тоҷик» дар доираи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2015-2016 — 164 номгўи чорабиниҳоро ба нақша гирифтаанд. Дар давраи то 1 октябри соли 2015 125 чорабинӣ пурра, 35 адади он қисман иҷро шуда, корҳо вобаста ба 4 чорабинӣ бо сабаби то ҳол дастрас нагардидани таҷҳизот оғоз нагардидаанд. То 1-уми октябри соли ҷорӣ ба хоҷагии халқ ва аҳолии вилоят мувофиқи маълумоти ШСХК “Барқи Тоҷик” ба маблағи 200,9 миллион сомонӣ энергияи барқ таҳвил дода шудааст ва ҷамъоварии маблағи барқи истифодагардида 153,8 миллион ё ин ки 76,6%-ро ташкил мекунад. Аз ҳама ташвишовар ҷамъоварии маблағ дар Шабакаҳои барқи шаҳри Кўлоб ба назар мерасад, ки он ҳамагӣ 41,6-ро ташкил мекунад. Муовини Сарвазир пешниҳод намуд, ки бинобар бемасъулиятӣ ва аз уҳдаи кор набаромадан масъалаи танбеҳ додан ба як гурӯҳ масъулин, аз ҷумла ба муовини сарпарасти Раиси ш. Кӯлоб ва директори ШБ шаҳри Кӯлоб, муовинони сарпарасти ноҳияҳои Панҷ, Хуросон, Қумсангир, Қубодиён, Балҷувон, Фархор ва Темурмалик ба рўзномаи ҷаласаи ҷамъбасти 9 моҳаи вилоятӣ ворид шавад.
Дар чаласа фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба гузаронидани таҳлили воқеии иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи зимистонгузаронӣ ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардида, ба вазоратҳои нақлиёт ва кишоварзӣ, КВД “ХМК” супориш дода шуд, ки нисбат ба иҷрои масъалаҳои ба онҳо вогузошта тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар ситод ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини вазорату идораҳои соҳавӣ ва роҳбарияти Ситоди зимистонгузаронии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои дар муддати кўтоҳтарин ба анҷом расонидани маблағгузориҳои соҳаи иҷтимоиёту иқтисодиёти вилоят барои пурра иҷро намудани чорабиниҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016; — ба анҷом расонидани шишабандии тирезаҳои мактабҳо ва муассисаҳои тиббии шаҳру деҳот ,дар муддати як ҳафта пурра таъмин намудани муассисаҳои соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят бо маводи сўхт; пурра таъмин намудани нуқтаҳои фурўши ангишт ва ҳезум бо ин мавод; — аз ҷониби шабакаҳои барқӣ дар муҳлатҳои кўтоҳтарин омода намудани хатҳои интиқоли барқ ва роҳ надодан ба истифодаи ғайримақсадноки қувваи барқ аз тарафи муштариён дастуру супоришҳои дахлдор дода шуданд.