Ҷамъбасти марҳилаи дуюми амалиёти Нелегал-2015 дар Суғд
Душанбе, 19.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Марҳилаи дуюми амалиёти муштараки махсуси Нелегал-2015 дар вилояти Суғд анҷом ёфт.
Бино ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ А.Қодирӣ, мақсад аз гузаронидани ин амалиёт ошкорсозии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташкилотчиёни он, мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, пурзӯр намудани муқовимат бар зидди будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ҳамзамон ғайриқонунӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани онҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ буд. Дар ин амалиёт гурӯҳҳои санҷишии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ иштирок намуданд.
Дар доираи амалиёти махсуси «Нелегал-2015» кормандони Раёсат, шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Қайроққум, Чкалов, Айнӣ ва Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд 13 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор намуданд.
Нисбат ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ додаанд, бо моддаи 138 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон-2 адад, моддаи 499 қисми 1-11 адад, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба суд ирсол гардид. Маблағи умумии ҷаримаи ситонидашуда 28 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Раёсат дар маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳа пешқадамони марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-2015»-ро қадршиносӣ хоҳад кард.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






