Ҳамлаи толибон дар яке аз вулусволиҳои вилояти Ҳирот барор нагирифт

Октябрь 20, 2015 05:19

Душанбе, 20.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳамлаи ҷангиёни «Толибон» ба маркази  вулусволии Шиндони   вилояти  Ҳироти  Афғонистон  зада гардонида шуд. 
Шӯришгарон  кӯшиш  доштанд, ки  биноҳои  ситодҳои  пулисро  ишғол  намоянд. Амалиёти  ҳарбӣ  аз  соати  7 — и  шом  то нисфи  шаб идома  ёфта, ҳамлагарон  ақибнишинӣ  карданд.
Сокинони  маҳаллӣ аз хавфу  хатари  ҳамлаи   силоҳбадастон  чун  пештара  дар  ташвиш  буда,  аз  ҳукуматдорон  хоҳиш  мекунанд, ки  барои  рӯи  кор овардани  амалиётҳои нави  поккорӣ  чора бинанд,  хабар  медиҳад  Агентии  иттилоотии  «Пажвок»

Октябрь 20, 2015 05:19

Хабарҳои дигари ин бахш