Ҳамоиши соҳибкорзанони тоҷик
Душанбе, 08.09.2015, (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 8 октябр дар Душанбе дар доираи таҷлили нахустин солгарди «Рӯзи соҳибкор» ва Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба рушди соҳибкорӣ байни занон ба кори худ оғоз кард.
Дар доираи ҳамоиш инчунин намоишгоҳи муваффақиятҳои соҳибкорзанон ба маъраз гузошта мешавад.
Дар назар аст, ки дар мизи мудаввар раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Махфират Хидирзода, роҳбари намояндагии БАТР (Бонки аврупоии таҷдид ва рушд) дар ҶТ Ричард Ҷонс ва соҳибкорзанон иштирок кунанд.
Дар мизи гирд инчунин соҳибкорзанон барои саҳм гузоштан дар рушди бахши хусусӣ бо раҳматномаҳо сарфароз хоҳанд гашт.
Дар ҷараёни мизи мудаввар таҷрибаи муваффақ ва мушкилоти рушди соҳибкорӣ байни занон дар Тоҷикистон баррасӣ хоҳад гашт. Инчунин муаррифии таҳлил «Таҷрибаи муваффақи барномаҳо оид ба дастгирии соҳибкории занон дар Тоҷикистон» дар назар аст. Дар бахши пленарии мизи мудаввар таърихи муваффақиятҳо ва мушкилоти соҳибкорзанон дар бахшҳои тиббӣ, хизматрасониҳои ҳуқуқӣ, молия ва қарз, кишоварзӣ, маориф ва ғайра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Инчунин бо соҳибкорзанон дар доираи мизи мудаввар коршиносони тамоми соҳаҳо сабақҳо (мастер-класс) доир хоҳанд кард. Аз ҷумла сабақҳо дар масъалаҳои дастрасӣ ба замин, андозбандӣ, ҳуқуқи иҷтимоӣ, банақшагирии соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонии мусбат ва ғайра.
Хотиррасон мекунем, ки имсол дар доираи таҷлили нахустин солгарди «Рӯзи соҳибкор» баргузории «Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015» ба нақша гирифта шудааст, ки он таҳти шиори «Саҳми соҳибкориву сармоягузорӣ дар рушди устувор» 14-уми октябри соли равон баргузор мегардад. Барои иштирок дар Форуми байналмилалӣ соҳибкорону сармоягузорони бурунмарзӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагони баландпояи кишварҳои хориҷӣ ва дигар шарикони иқтисодӣ даъват шудаанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






