Ҷамъоварии ҳосили хуби картошка ва сабзавот
Душанбе, 31.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Имсол дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 21 ҳазору 219 гектар кишти картошка гузаронида шудааст. Мувофиқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумхурӣ то 23 октябр майдони 20541 гектари он ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3402 гектар зиёд мебошад.
То 23 октябр хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 472 ҳазору 381 тонна картошка истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 88 ҳазору 890 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 230 сентнериро ташкил медиҳад ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 сентнерӣ зиёд мебошад.
Соли равон хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 28 ҳазору 233 гектар кишти сабзавотро гузаронидаанд, ки то 23 октябр майдони 27 ҳазору 683 гектари он ҷамъоварӣ шудааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4224 гектар зиёд мебошад. То имрўз дар ҷумҳурӣ ба миқдори 659 ҳазору 255 тонна сабзавот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 112 ҳазору 159 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 238,1 сентнериро ташкил медиҳад ва нисбат ба соли гузашта 9,2 сентнерӣ зиёд мебошад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






