АНМН: Баррасии мунсифонаи нӯҳ моҳи фаъолият
Душанбе, 12.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- 10 октябри соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар нӯҳ моҳи соли 2015 бо иштироки директори агентӣ Рустам Назарзода доир гардид.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматии агентӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ оид ба иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, назорат аз болои гардиши қонунии он ва пешгирии нашъамандӣ, гузаронидани амалиёти муштарак ва машқҳои минтақавӣ, мустаҳкам намудани ҳамкории байналмиллалӣ муҳокима гардиданд. Зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ агентӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва ҳамкории байналмилалӣ корҳои муайянеро анҷом дод.
Ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои дастгоҳи марказии агентӣ ва раёсатҳои минтақавии он шунида шуд.
Камбудиҳои ҷойдошта дар ташкили кори ҷузъу томҳои таҳлилии Агентӣ таҳлил ва муҳикима шуда, барои бартараф намудани онҳо, инчунин баҳри иҷрои чорабиниҳои нақшавӣ вазифаҳои мушаххас дода шуданд.
Ба диққати роҳбарони ҷузъу томҳои агентӣ як зумра камбудиҳо ва норасоиҳо дар ташкили санҷиши нозиротӣ, ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки робитаҳои байнидавлатӣ доранд, расонида ва пешниҳодҳо оид ба бартараф намудани норасоиҳои номбаршуда пешкаш шуданд.
Омилҳо ва шароитҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хислатҳои коррупсионӣ мусоидат намудаанд, таҳлил ва баррасӣ гардиданд. 6 команди агентӣ ба ҷазои интизомӣ кашида шуданд, аз ҷумла муовини сардори Раёсати Агентӣ аз вазифа озод карда шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






