Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Япония

Октябрь 24, 2015 09:05

Душанбе, 24.10.2015. (АМИТ “Ховар”). — Нахустин ташрифи Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Тоҷикистон, ки имрӯз бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд, бо баргузории маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт.
Барои пешвози меҳмони олимақом майдони назди Қасри Миллат ба таври хоса омода гардида, ҷузъутомҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом, Сарвазири Япония Синдзо Абэро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ ва садо додани сурудҳои миллии ду кишвар шуруъ шуда, бо гузаштани якҷояи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония Синдзо Абэ аз назди ҷузъутомҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва салому дуруди меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон ва шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Япония ва ҳам бо корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон идома ёфт.
Маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ бо расми гузашти низомии Горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом, Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба поён расид.
Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Синдзо Абэ оғоз ёфт.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, Синдзо Абэро бори дигар ба муносибати аз нав ба мақоми Сарвазири Япония интихоб шуданаш табрику таҳният гуфта, изҳор дошт: “Ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд бо Япония  барои Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба истиқлоли давлатӣ расиданаш аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ буд ва ҳаст”.
“Кишвари шуморо мо шарики муҳими худ медонем ва ин шарокати муътамаду озмудашудааст”. 
Изҳори бовар карда шуд, ки боздиди нахустини Сарвазири Япония аз Тоҷикистон ба фаъол гардидани робитаҳои ду кишвар ва таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ мусоидат мекунад.
Синдзо Абэ дар навбати худ бо ишора ба мавқеи басо муҳими Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва сарҳади тулонияш бо Афғонистон ҳавасмандии Японияро ба густариши робитаҳо бо кишвари мо таъкид дошт.
Синдзо Абэ ҳамчунин изҳор дошт: «Бисёр хоҳишмандем, ки сатҳи муносибатҳои мо дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ чанд зина боло равад».
Тафсилоти масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Япония зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб баррасӣ шуд.
Доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва атрофи мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Япония барои дастгириҳои пайвастаи ин кишвар аз рушди иҷтимоии Тоҷикистон изҳори сипос карда, аз ҷумла тазаккур дод, ки бо кумаки техникию молиявии Япония дар Тоҷикистон беш аз 340 лоиҳаи иҷтимоӣ татбиқ шудааст.
Ба фаъолияти Агентии Япония доир ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ва Муколамаи «Япония + Осиёи Марказӣ» баҳои баланд дода шуд.
Аз ҳамкорӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ҳам изҳори қаноат карда шуд. Аз ҷумла ёдоварӣ шуд, ки аз соли 1993 ба ин сӯй 1800 мутахассиси Тоҷикистон дар курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар Япония таҳсил намудаанд. Дар ин давра бо кумаки Япония ҳамчунин даҳҳо муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ сохта ва ё навсозӣ шудаанд.
Ҳамзамон бо ин, таъкид гардид, ки кунун бояд аз лоиҳаҳои кумаки техникию гуманитарӣ ба ҷалби сармояи мустақим ва қарзҳои имтиёзии Япония ба иқтисоди Тоҷикистон гузарем.
Дар ин замина ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, кӯҳкорӣ, энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои бунёдии иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Бо ёдоварӣ аз фаъолияти босамари нахустин корхонаи муштараки Тоҷикистону Япония, ки бо номи «Аввалин» аз ҷониби соҳибкорони тоҷик ва ширкати японии Коки дар вилояти Хатлон таъсис ёфтааст, таъкид гардид, ки барои таъсиси шумораи зиёди корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон имконоти фаровон мавҷуд аст. 
Барои рушди чунин ҳамгироӣ ҳамчунин ба имзо расондани созишномаҳо доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва ташвиқу ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ зарур дониста шуд.
Рушди ҳамкории илмию техникӣ, аз ҷумла дар бахшҳои геология, гидрология, энергетика ва сейсмология судбахш номида шуд.
Тасмими Ҳукумати Япония доир ба таъини Сафири фавқулодда ва мухтори ин кишвар дар Тоҷикистон аз оғози соли 2016 мавриди истиқболи хуш қарор гирифт. 
Гуфтугӯйи судманд доир ба мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла атрофи мушкилоти вобаста ба вазъи Афғонистон ва Шарқи Наздик, пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.
Дар робита ба мавзӯоти вобаста ба Афғонистон доир ба имконоти иштироки якҷояи Тоҷикистону Япония дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ чун лоиҳаи энергетикии CASA-1000, лоиҳаҳои роҳсозӣ ва ғайра, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар ва кулли минтақа нигаронда шудаанд, табодули назар карда шуд. 
Хотиррасон бояд намуд, ки бо Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Тоҷикистон намояндагони беш аз 50 ширкату корхонаҳои азим ҳам ташриф овардаанд,  Бино ба навиштаҳои расонаҳои Япония, ин кишвар, ки аз сарватҳои зеризаминӣ маҳрум аст, бо сармоягузории беш аз 16 миллирад доллар ба арсаҳои нафту газ ва урани кишварҳои Осиёи Миёна бо шумули Қазоқистон умедвор аст талаботи рӯзафзуни ширкатҳои азимашро бо захираҳои табиӣ таъмин намояд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ миёни Тоҷикистон ва Япония як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

1.    Изҳороти муштарак оид ба шарикӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония.

2.    Созишнома тариқи мубодилаи ёддоштҳо оид ба лоиҳаи «Барқарор намудани низоми таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон (даври 2)».

3.    Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Барқарор намудани низоми таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон (даври 2)».

4.    Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ.

5.    Изҳороти ҳамкорӣ миёни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба мубодилаи иттилоот дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва Маркази кашшофии молиявии комиссияи миллии бехатарии ҷамъиятии Япония.

6.    Созишнома тариқи мубодилаи ёддоштҳо миёни Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ва Ҳукумати Япония оид ба Лоиҳа барои беҳсозии тарзи идоракунии мубориза бар зидди малах.

7.    Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) оид ба татбиқи Лоиҳа барои беҳсозии тарзи идоракунии мубориза бар зидди малах.

8.    Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва мубодилаи илмӣ миёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тсукубаи Япония.

Зимни изҳороти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ ва дурнамои муносиботи ду кишвар баҳои баланд доданд.

 

Октябрь 24, 2015 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад