Артиши Сурия бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳуҷуми заминиро оғоз кард

Октябрь 7, 2015 13:01

Душанбе, 07.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Артиши Сурия  бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ бо дастгирии ҳавопаймоҳои Русия ҳуҷум оғоз кард, хабар медиҳад агентии Reuters .
Бино ба иттилои  ниҳоди Сурия  барои ҳуқуқи башар, ҳавопаймоҳои Русия дар вилояти Ҳама ва баъзе ноҳияҳои  вилояти Идлиби Сурия силсилаи ҳамлаҳоро анҷом доданд.
роҳбари ниҳоди ҳуқуқи башар Рамӣ Абдурраҳмон гуфт, ки илова ба ҳамлаи ҳавоӣ дар ин минтақа, инчунин бо истифода аз мушакҳои  «замин-замин» ҳуҷуми заминӣ сурат мегирад.

Октябрь 7, 2015 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш