Аз инъикоси сафари Президент ба водии Зарафшон то изҳори андешаҳои инфиродӣ. Фишурдаи матбуоти чопшуда.
Душанбе, 22.10.2015 (АМИТ «Ховар»). – Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораҳои ин ҳафтаина хабарҳои муҳими сиёсӣ-иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба нашр расонида, дар мавзӯъҳои гуногун мақолаҳои ҷолиби муаллифони худро дарҷ кардааст. Дар шумораи рақами 209 аз 20-уми октябри соли равон «Ҷумҳурият» аз сафари кории Президенти мамлакат ба водии Зарафшон хабару гузориши муфассалро пешкаши хонандагон намудааст. Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Панҷакент изҳор кардааст, ки: «Панҷакент яке аз шаҳрҳои қадимаву номдори минтақаи Осиёи Марказӣ буда, онро садсолаҳо ин ҷониб аз марказҳои тамаддуни ориёӣ ном мегиранд». Дар шумораҳои 210 аз 21-уми октябр ва 211 аз 22-уми октябри соли равон нашрияи «Ҷумҳурият» идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд инъикос карда, ҳамчунин оид ба мушкилоти мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва роҳҳои истифода бурдан аз неруи офтобӣ мақолаҳо нашр намудааст.
Нашрияи «Садои мардум» дар шумораҳои рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ва рӯзҳои душанбе ва чоршанбеи ҳафтаи равон аз фаъолияти Парлумони мамлакат хабару гузоришҳо ва мақолаҳои ҷолибро чоп кардааст. Аз ҷумла, дар шумораи рақами 137-138 зери сарлавҳаи «Тағйиру иловаҳо фарзандхониро сода, беморони силро маҷбур ба табобат мекунанд» гузориши муфассал аз ҷараёни ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон пешкаши хонандагон гардидааст. Дар шумораҳои рӯзи душанбе ва чоршанбеи ҳафтаи равон нашрияи «Садои мардум» аз сафари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд хабару гузориш ва мақолаҳои алоҳидаро пешкаши хонанандагон кардааст.
Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар саҳифаи аввали худ хабарҳои муҳими 7 рӯзи ҳафтаро рӯи чоп оварда, андешаҳои магистри Академияи илмҳои Тоҷикистон Бузургмеҳри Баҳодурро зери сарлаҳваи «Хайём айёш набуд» нашр кардааст.
Минбари эҷодкорони мамлакат «Адабиёт ва санъат» дар саҳифаи назм шеърҳои нави Гулназарро таҳти номи «Аз 25 то 70» ва дар саҳифаи наср ҳикояи Мансур Суруш «Гург»-ро барои дӯстдорони назму насри тоҷикӣ пешкаш кардааст. Ҳамчунин дар бахши публитсистика навиштаи Абдулқодири Раҳим «Аробакаш» нашр шудааст.
«Омӯзгор» — нашрияи Вазорати маориф ва илм суҳбати Маҳмадулло Давлатов, устоди кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро рӯи чоп овардааст. «Онҳое, ки ба гурӯҳҳои ифротгарою экстремистӣ шомил мешаванд, дониши амиқ надоранд, онҳо Ватан, Модар ва дигар арзишҳоро пушти по мекунанд, гурӯҳҳои террористӣ ба ҳамин қисми осебпазир — ҷавонони бе дониш нигоҳ карда, ҳадафҳояшонро амалӣ мекунанд», — гуфтааст равоншиноси шинохта М.Давлатов.
«Нигоҳ» — нашрияи созмони «Индем» бо сарлавҳаи «Хидматгори беминнат» андешаҳои Абдуазим Абдуваҳҳобро оид ба расонаҳои мустақили Тоҷикистон рӯи чоп овардааст. Ҳамчунин дар шумораи инҳафтаинаи «Нигоҳ» раиси Иттифоқи синамогарони мамлакат Сафар Ҳақдодов дар бораи таърихи кинои тоҷик зери номи «85 соли рушд ва таназзул» мақолаи муфассал навиштааст.
Ҳафтаномаи «Фараж» мисли ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар саҳифаи аввали худ расми тифли 5 моҳа Умаралӣ Назаров – фарзанди фавтидаи муҳоҷири кории тоҷикро нашр карда, ҳодисаи мазкурро фоҷеа ном бурдааст. Ҳамчунин дар шумораи навбатии «Фараж» суҳбати Бунафша Боймуродова, муовини сардори Муассисаи ислоҳии 3/8 (зиндони занона) нашр шудааст.
Ҳафтаномаи русзабони «AsiaPlus» дар шумораи рӯзи душанбегӣ (аз 19-уми октябри соли равон) аксҳо ва мушоҳидаҳои худро бо номи «Даҳ хислати тоҷикӣ, ки хориҷиёнро ба ҳайрат меоранд» дар рубрикаи ҷомеа пешкаши хонандагон кардааст. Ҳамчунин дар ин шумора аз хусуси занони деҳот, ҳолати роҳҳои мошингард дар минтақаи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ва мақолаи Манижа Қурбоноваро дар хусуси зеботарин зани тоҷик дар асри гузашта – Лола Исмоилова ба чоп расонидааст.
Нашрияи «Тоҷикистон» мусоҳибаи хабарнигори худро бо раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Давлатзода Нусратулло зери сарлавҳаи «Назорати андоз ба хотири таъмини риояи қонунгузорист» пешкаши хонандагон намудааст.
Ҳафтаномаи СССР андешаҳои Муҳаммади Муборизро оид ба пайомадҳои ворид шудани неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ дар ҳудуди Сурия чоп кардааст. Муаллиф менависад: «Русия холҳои бузург ба копилкаи сиёсиаш рехта, бо 1 тир 2 фохта зад: сароғоз имиҷи Путин дар Русия боло рафт ва Маскав ба НАТО, Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва иттифоқчиёнаш қудрати худро ба намоиш гузошт».
Нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» андешаҳои Бахтиёр Ҳамдамро бо сарлавҳаи «Оламе дигар бибояд сохт, аз нав одаме…» чоп кардааст. Муаллиф нигоштааст: «Садсолаҳо қабл аз ин Мавлоно Румӣ аз баҳсу даъвои «зоҳидони тақвопараст» ва «эшону тӯраҳо», ки на аз маърифати илоҳиву на аз завқу ҳолати соликони роҳи тариқат хабар доштанд, ба дод омада, мегуфт:
Мо зи Қуръон баргузидем мағзро,
Пӯстро пеши сагон андохтем».
Ҳамин тавр, дигар нашрияҳои фароғатӣ, таблиғотӣ ва иттилоотиву минтақавӣ низ бо навиштаҳои муаллифони худ чоп гардида, баҳри хонандагон пешкаш шудаанд.