Бадахшон: Шодихон Ҷамшед хисороти аз зилзила расидаро баррасӣ кард

Октябрь 30, 2015 04:01

Хоруғ, 30. 10. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Ҷаласаи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед масоили пешниҳод кардани ҳисоби аниқи хисороти аз зилзила воридшуда, расонидани кумак барои  барқарор кардани биноҳо ва дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ ба  хоҷагиҳои зарардидаро мавриди баррасӣ қарор дод. Зикр  гардид, ки комиссияи ситоди доимӣ барои муайян  кардани зарар  ва расонидани кумак маълумоти аниқро ба мақомот пешниҳод  намояд.
Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед оид ба бартараф намудани оқибати офати табиӣ аз масъулин ҳисоби аниқи  хисоротро тақозо намуд.
Иброз дошт, ки гурӯҳи  корие, ки таъсис шудааст, барои ҳарчи тезтар муайян кардани хисорот ва расонидани кумак  ба хоҷагиҳои зарардида ба мақомот ҳисобот пешниҳод намоянд. Ба Агентии захираҳои моддии давлатӣ  супориш дода шуд, то сари вақт  масолеҳи сохтмониро барои хоҷагиҳо дастрас намояд.
Дар ҷаласа сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии вилоят Дусталӣ Худоёров аз хусуси хисороти аз зилзила дар миқёси вилоят ба амал омада маълумот  дода, зикр кард, ки то имрӯз тибқи ҳисоботи ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ  аз офати табиӣ дар миқёси вилоят  9 хона пурра хароб гардида,  31  хона қисман тахриб шудаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ишкошим ба 16 хонаи истиқоматӣ, бинои мактаби 42- и ноҳия ва бинои истеҳсоли неругоҳи обии Намадгути ноҳия  зарар расидааст.
Ҳисороти молӣ ҳамчунин дар қисмҳои низомӣ ва дидбонгоҳҳои  сарҳадии ноҳияи Ишкошим ба қайд гирифта шудаанд. Масъулини соҳа ва роҳбарони навоҳии вилоят баҳри бартараф кардани хисорот пешниҳоди мушаххас баён доштанд. Ҳамчунин дар ноҳияи Роштқалъа 5-хонаи истиқоматӣ ба ҳолати садамавӣ дучор шуда, се манзили зисти маскунони деҳаи  Нишуспи ноҳияи Шуғнон низ хароб гардиданд.
Роҳбари вилоят ба масъулин супориши қатъӣ дод, то зарари офати табиӣ ҳаматарафа омӯхта шавад ва барои муайян кардани зарар ва расонидани кумак ҷиҳати барқарор кардани хонаҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд. Аз ин рӯ таъкид шуд, то комиссия бояд дар доираи имконот бо ташкилоти ғайридавдатӣ ҷиҳати ҳаматарафа муайян кардани хисорот, расонидани кумак ва барқарор кардани манзили зисти сокинони манотиқи вилоят фаъолиятро  бо низоми муайян ба роҳ монад.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, иҷрои нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи артиши миллӣ ва рахна  кардани кӯли мавзеи Барсем ва дигар масоили иҷтимоии мардум  баррасӣ шуданд.

Октябрь 30, 2015 04:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд