Бар худ назаре бинмо дар оинаи қонун

Октябрь 31, 2015 04:23

Бахшида ба ҷашни Сарқонуни мамлакат

Душанбе, 31.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Худованди Карим вақте замин ва коинотро бунёд мегузошт, ҳамаи мавҷудотро дар доираи тартибу қонуниятҳои муайяну муназзам офарид, ки ҳастии табиату инсон танҳо дар доираи риояи ин тартиботу ин қонуният сурат бигирад. Заррае риоя накардан ё бурун рафтан аз доираи ин тартиботи ҳастӣ ва ё халалдор сохтани он фоҷиаву фалокате ба бор меорад.

Худованд ҳатто барои таваллуд, инкишоф ва нумуи ҳар гиёҳ, ҳар гул, ҳар дарахт тартибу низоми олӣ, қонунияти аниқ ва волоеро таъйин сохт, ки бе риояи он ҳеҷ яке аз ин мавҷудот наметавонад зинда бошад ва рушд кунад. Сохтори мураттабу музайяни ҳар мавҷуд худ эъҷози Худованд аст. Ин аст, ки як донак ба вуҷуд меояд, шакл меёбад, нуму мекунаду комил мешавад. Як донаки кучак то дарахти бузурге шакл мегирад. Ва ҳастии ӯ, ҳастии ҳама мавҷудоти дигар ва дар маҷмӯъ, кулли мавҷудоти ҷондор ин тартиб, ин низом, ин қонуниятҳои ҳастӣ ва зиндагиро фароҳам меоранд. Танҳо эъҷози Худованд қодир аст бад-ин тартибу низом, бад-ин сурат мӯру малах, шеру фил, пашшаву хомӯшак, ҳама ҷонваронро ҳаёт бахшад, дар доираи танзими сатҳи олӣ онҳоро парвариш диҳад ва агар ин танзим халалдор гардад, ин ҳастӣ ба шикаст, ба фалокат дучор меояд.

Хуллас, ки дар дунё ҳеҷ мавҷуди ҷондору беҷоне нест, ки берун аз доираи қонунияти таъйинкарда тавонад вуҷуд дошта бошад. Аммо, вақте Худованд олитарин ва мураккабтарин офаридаи худ- одамро ба вуҷуд овард, дар тафриқа аз дигарон ба ӯ ақл дод. Ҳарчанд худи сохтори ҷисмонии инсон аз тартибу қонунҳои сохтори табиат берун нест, аммо Худованд ба инсон ақл ва рисолате дод, ки қонунҳои маънавии ҳастиву зиндагии худро бисозад ва муайян кунад, зеро берун аз доираи қонун наметавон зиндагии муназзам ва мураттабро фароҳам овард. Аз ин рӯ инсонҳо барои худ, барои кишварҳои худ қонунҳои зиндагиро муайян ва онро риоя мекунанд, то тартибу низоми ҷомеа пойдор бошад. Табиист, ки сатҳи зиндагӣ, пешрафт ва комёбиҳои ҳар халқ вобаста ба сатҳу дараҷаву маром ва риояву иҷрои он қонунҳоест, ки қабул кардаву аз рӯи онҳо амал мекунад.

Миллати тоҷик, халқи куҳанбунёди мо, аз зумраи миллатҳоест, ки моҳияти қонуниятҳои инсонӣ ва назму низоми ҷомеъаро аз замонҳои қадим дарк намудаву пайгирӣ кардаанд. Ҳанӯз дар солҳои 500- уми то мелод Куруши Кабир, ки бунёдгузори давлати Ҳахоманишиҳо гардид ва кишварҳои зиёдеро дар тасарруфи худ даровард, дар ин сарзамин, сарзамини қадимаи форс Эъломияи ҳуқуқи башарро эҷод ва ба инсоният пешниҳод карда буд.

Имрӯз муайян гардидааст, ки ин Эъломия нахустин эъломияи ҳуқуқи инсон дар таърихи башар аст ва бунёди аввалин Конситутсия ё қонунномаҳои инсониятро гузоштааст.

Дар роҳрави ошёнаи дуюми бинои Созмони Милали Муттаҳид мобайни толорҳои Шӯрои бехатарӣ ва аудиторияҳои шӯроҳои иқтисодию иҷтимоӣ нусхаи Эъломияи ҳуқуқи башар гузошта шудааст, ки шахсан аз ҷониби Муҳаммад Ризошоҳи Паҳлавӣ ва ҳукумати Эрон ба СММ тақдим шуда буд.

Ба андешаи Ризошоҳи Паҳлавӣ Куруш, ки худ эътиқодманди Зардушт будааст, нахустин ҳукмроне дар таърих буд, ки ба сокнинони империяи бузурги худ озодии интихоби дин ва эътиқоди диниро тақдим намуда, аз хусуси ҷонибдориаш ба принсипҳои инсондӯстӣ, озодӣ ва адолат, новобаста ба мансубияти этникиву қабилавиву нажодӣ эълон намудааст.

Ҳанӯз 2500 сол пеш Куруши Кабир ба олам хитоб карда буд:

“Ман имрӯз эълом мекунам, ки ҳар кас озод аст, ки ҳар динеро, ки майл дорад, бипарастад ва дар ҳар нуқта, ки майл дорад, сукунат кунад, ба шарти он ки дар он ҷо ҳаққи касеро ғасб нанамояд ва ҳар шуғлеро, ки майл дорад, пеш бигирад ва моли худро ба ҳар наҳв, ки моил аст, ба масраф расонад, ба шарте ки латма ба ҳуқуқи дигарон назанад. Ҳеҷ касро набояд ба муносибати тақсире, ки яке аз хешовандонаш карда, муҷозот кард (ҷазо дод). Ман бардадориро (ғуломдориро) барандохтам. Ба бадбахтиҳои онҳо поён бахшидам..

… То рӯзе, ки подшоҳи Эрон ҳастам, нахоҳам гузошт, касе бар дигаре зулм кунад ва агар шахсе мазлум воқеъ шуд, ҳаққи вайро аз золим хоҳам гирифт ва ба он хоҳам дод ”.

Ин сатрҳо аз эъломияи Куруши Кабир барои он оварда шуданд, ки баъдан бубинем, ки Сарқонуни навини кишвари мо низ бунёди худро ба ин таълимоти гузаштагон, ба таҳкурсии некӣ ва хайрхоҳӣ гузоштааст. Яъне, пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек имрӯз ҳам раҳнамои Сарқонуни  кишвари мост.

Тасодуфӣ нест, ки ҳокимони даврони эллинӣ Куруши Кабирро пеш аз ҳама қонунофари бузург ва сиёсатмадори нобиғае, ки ба муқобили ҷавру зулми ҳукуматҳои бобуливу осурӣ баромада, таҷрибаи ҳамгароӣ ва омезиши аҳолӣ дар доираи кишвари ягонаро бидуни имтиёзҳо барои миллати баландмақом ва расму суннатҳои динӣ, бидуни қатли ом ва мусофирати иҷбории сокинони сарбардошта амалӣ кардааст, эътироф намудаанд. Дар китоби муқаддаси “Инҷил”(Ветхий Завет) ӯро барои иҷозати баргашти чилҳазор яҳудӣ аз асорати бобулиҳо ба заминҳои Фаластин (с.539) ситудаанд. Муаллифони антиқа ӯро чун хирадпешае ёд кардаанд, ки Искандари Мақдунӣ намунаи ибрат донистаю ба ӯ арҷ мегузоштааст.

Азбаски Куруши Кабир эътиқодманди дини зардуштӣ буд ва дини зардуштӣ бунёди худро ба таълимоте, ки шиораш: пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек буд, таълиф додааст, эъломияи худро дар ин зербун, яъне покиву нексириштӣ бунёд гузоштааст.

Имрӯз  кишваре, давлате, сарзамине нест, ки Сарқонун ё  Конститутсияи худро надошта бошад. Сарқонун ё  Конститутсияи ҳар кишвар шиносномаи он халқ, ҳуҷҷати ҳувияти он кишвар мебошад. Сатҳи инсонӣ ва маърифату фарҳангу мароми сиёсии ҳар мамлакатро ифода мекунад ва чеҳраи инсониву сиёсии онро ҷилвагар месозад. Сарқонун оинаест, ки дар он симои маънавии он кишвар таҷассум меёбад. Мардуми тоҷик, ки соҳиби яке аз беҳтарин Сарқонун ва ҳуқуқномаи таърихии башардӯстонаи дунё будаасту бо он дар таърих обрӯву эътибори хосса дорад, имрӯз, баъд аз ёфтани истиқлолияти миллӣ, табиист, ки Сарқонуни навину такмилёфтаву эътирофгардидаи худро бунёд гузоштааст.

Халқи куҳанбунёди тоҷик, ки дар замони Шӯравӣ соҳиби Конститутсияи сотсиалистии Шӯравии худ гардид ва ин конститутсия шохаи яке аз конститутсияҳои эътирофгардидаи яке аз кишварҳои соҳибмақоми олам Иттифоқи Советӣ буд, баъд аз озодӣ ва Истиқлолияти миллӣ Сарқонуни миллии худро бо назардошти ҳадафҳои баланди миллӣ, хислату суннатҳои инсонпарваронаву башардӯстонаву хайрхоҳонаи худ, ки хоси ин миллати соҳибтамаддун аст, аз нав бунёд гузошт.

Нахустин вожаву ҷумлаҳое, ки бо он Сарқонуни тоҷикон оғоз меёбад, мисли савганд, мисли ниёиш садо медиҳанд ва мавқеи устувори инсониву миллии халқи мо, давлати мо, масъулияти баланди башарии ӯро хеле равшану возеҳ ва боэътимоду боварибахш баён мекунанд:

“МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН,

қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда,

худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва  вазифадор дониста,

таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда,

озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида,

баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда,

бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,

ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ.”

Дар ин оғоз арҷгузорӣ ба гузашта вазифадориву масъулият дар назди имрӯз ва ҳадафҳои волое, ки моро ба оянда умед мебахшанд, хеле равшану возеҳ баён шудаанд. Аввалан, дар ин изҳор халқи тоҷик худро аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҷудо намегузорад. Бартарӣ ва афзалият бар дигар миллатҳоро ба худ шоиста намедонад ва ягонагии инсонҳоро, ки ҳама зодаи як ҷавҳаранд, баён мекунад, чунон ки ин андеша дар гуфтаҳои бузургони мо баён ёфтааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд. (Саъдӣ)

Дар ин сатрҳои оғози Сарқонуни мо қиматтарин неъматҳои инсоният, ки инсонҳоро шарафу неру мебахшанд, –озодӣ ва ҳуқуқи  шахс ва муқаддас дониста шудани он дар мадди аввал гузашта шудаанд. Ва ибораҳои умедбахшу нерубахш чун баробарҳуқуқӣ, дӯстии тамоми миллату халқиятҳо ва ҷомеаи адолатпарвар моро ба ояндаи нек дилпур мегардонанд.

Конститутсия ва ё Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 қабул гардид, яъне 21 сол аз ин санаи таърихиву фараҳбахш гузаштааст. Имрӯз, баъд аз гузашти ин марҳила, дар ин муддати дар назди таърих хеле кӯтоҳ — 21 сол алакай имтиҳонҳои зиндагӣ , вазъи сиёсии олам нишон дод, ки давлати соҳибистиқлоли мо, Сарвари кишвари мо, халқи заҳматкаши мо роҳи дурустро интихоб карда будаанд ва ин нахустин моддаи Сарқонуни мо мақсаду марому мавқею ҳадафи давлати моро муайян мекунад ва симои онро дар ҳолаи равшани беғаразу хайрхоҳона таҷассум месозад:  Яъне “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ  ва ягона мебошад”.

Дар ин моддаи Сарқонун  симои равшан ва неки кишвари мо, ки мардуми оламро ба муносибати нек, ба дӯстиву бародариву ҳамҷаворӣ даъват мекунад, таҷассум ёфтааст, зеро демократӣ будан, дунявӣ будан далолат ба ҳамзистии осоишта, хайрхоҳӣ ва накӯкорӣ мекунанд. Дар ҳамин моддаи аввал ҳадафи воло ва асосиву ниҳоии кишвари мо, ки баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқ аст, дар ин сатрҳо баён ёфтааст:“Давлати Тоҷикистон барои ҳар як инсон шароити арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад ”. Яъне, ҳадафи олӣ некуаҳволии халқ ҳаст.

Сарқонуни нави Тоҷикистон барои халқи ҷабрдидаи мо мужда аз имтиёзҳову дастовардҳои зиёди миллӣ овард, ки яке аз қиматтарини онҳо забони давлатӣ эълоншудани забони тоҷикист. Ин моддаи Конститутсия яке аз пирӯзиҳои Истиқлолияти Тоҷикистон аст. Ин модда имкон дод, ки барои эҳёву рушди тозаи забони тоҷикӣ кӯшишу талош оғоз ёбад ва ба манфиати рушди забонамон истифода кардани он вобастагӣ ба ҳамаи мо дорад. Вобастагӣба он дорад, ки масъулият ва вазифадориамонро ҳар яки мо то куҷо эҳсос, мекунем, то қарзи шаҳрвандиву ватандории худамонро дар назди таърих иҷро кунем. Забонеро, ки ба шарофати он миллати мо зинда мондааст, забонеро, ки дар худ ҳамаи дороиҳои моро маҳфуз доштааст, забонеро, ки бе он мо наметавонем вуҷуд дошта бошем, эҳё ва умри дубора бахшем ва аз гарду чангҳое, ки бар сараш нишастааст покиза кунем, аз хатаре ки таҳдид ба ҳастии ӯ мекунад, дур андозем.

Аммо ин чунин маъное надорад, ки мо забонҳои дигарро танг мекарда бошем, баръакс арҷгузорӣ ба забонҳои дигар, шароит додан барои рушди онҳо, иҷрои ҳамон моддаи демокративу дунявӣ буданаст.

Сарқонуни навини Тоҷикистон ба мо имконият дод , ки рамзҳои давлатии кишварамонро низ эҳёи дубора бахшем ва дар ин ҷода ҳам корҳои мондагоре карда шудаанд, ки рамзҳои муқаддаси давлатии моро дар сатҳи байналмилалӣ обрӯву нуфузи тоза бахшидаанд ва кулли мардуми кишвар бо ин рамзҳо ифтихор доранд. Ин рамзҳо, ки нишонаи пирӯзии  Истиқлолияти Тоҷикистони азиз ҳастанд, ба мо сарбаландиву ифтихор мебахшанд.

Сарқонуни мо олитарин арзишҳои инсониро барои сокинони кишвари мо қоил аст, ки инҳо “инсон, ҳуқуқ ва арзишҳои он”,“ҳаёт, қадр, номус” вадигар ҳуқуқҳои фитрии инсонва дахлнопазир будани онҳост. Ва аз ҳама муҳим ба “эътироф, риоя ва ҳифзи” онҳо давлат кафолат медиҳад.

Дар кишвари мо мувофиқи Сарқонун ирода ва армони халқ, соҳибихтиёрии он сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист. Ва ҳар коре, ки давлат пайгирӣ мекунад ва ба иҷро мерасонад, дар асоси ҳамин иродати халқ аст. Намояндагони халқ, онҳое, ки халқ онҳоро интихоб ва вакили худ намудааст, пеш аз ҳама арзу дархост, иродаву армонҳои кулли аҳолии кишварро баён намудаву ба иҷро мерасонанд ва ҳимоя менамоянд.

Албатта, метавон дар мавриди ҳар моддаву ҳар ибораву мафҳуми Сарқонун тафсиру шарҳи муфассал дод, онҳоро маънидод кард, зеро дар зимни ҳар яке аз онҳо масъалаҳои зиёди марбут ба рӯзгори иҷтимоиву сохтори давлатӣ, дурнамои зиндагии мардум ифода ёфтаанд.

Дар Сарқонуни Тоҷикистон ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ғоя ва афкори асосие, ки  аз иҷрои он оромӣ, осоиштагӣ, пешрафту шукуфоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва дар маҷмӯъ пирӯзии халқи мо вобастагӣ дорад, баён ёфтааст.

Дар асоси Сарқонун ҳар шаҳрванди Тоҷикистон чи дар дохили кишвар, чи дар хориҷ аз он, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Ва ғояти ин ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳо дар моддаи  17-и Сарқонун чунин баён шудаанд:

“Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқи озодиро кафолат медиҳад.

Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.”

Ё дар моддаи 16 омадааст:  “Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад.”Дар моддаи 18  “дахлнопазирии шахсро кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад” ва ғайра .

Вақте Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро мехонед, дар дили шумо як ҳисси ифтихори миллӣ, ифтихори шаҳрвандӣ бедор мешавад. Ифтихор аз ин қонунҳое, ки ҳадафашон пеш аз ҳама ғамхории инсонҳо ва шаҳрвандони одист. Гумон мекунам, ки ин қонунҳо, агар риоя ва амалӣ шаванд, зиндагии шоистаи ҳар як нафарро кафолат дода, ҳастии озоду пурсаодат, имкониятҳои ҳамаҷониба хубу мусоидро барои ҳар яки мо фароҳам оварда метавонанд.

Аммо ҳамаҷониба намунаи ибрат ва беҳтарин будани ин Сарқонун ҳанӯз ними кор аст. Ними дигар риоя ва татбиқи он дар зиндагист, ки вобастагӣ ба тамоми шаҳрвандон, ҳама сокинони кишвар дорад, сарфи назар аз мансабу вазифа ва мавқеи иҷтимоӣ. Ва ҳатто шахсони мансабу вазифадор бештар масъули амалӣ шудани он ҳастанд.

Биёед, чанд савол гузорем. Оё мо ин Сарқонунро ҳама хондаву аз худ намудаем? Оё дар асоси донише, ки аз он бардоштаем, барои ҳимояи ҳуқуқҳои шахсии худ, ҳуқуқҳои ҷомеа ва кишвар комилан омода ҳастем? Ҳуқуқҳои худро дар ҳама маврид медонем ва риояву талаб мекунем? Оё шаҳрвандони мо, ки дар хориҷи кишвар мавриди таъқибу гирифториҳо мешаванду намедонанд чӣ кор кунанд, аз он сабаб нест, ки ҳуқуқашонро хуб намедонанд ва аз ин рӯ наметавонанд онро ҳимоя кунанд? Оё намояндагони он мақомоте, ки кафолати иҷрову ҳимояву амалӣ шудани ин қонунҳоро медиҳанд, аз суду милитсия то прокуратураву ҳамаи мақомоти марбут ба ҳифзи ҳуқуқ муносибаташон ҳамеша дар ҳимояву иҷрои ин қонунҳо беғараз аст? Оё баъзан худи онҳо вайронкунандаҳои ин қонунҳо нестанд?

Албатта, ҳамеша ёфт мешаванд қонуншиканҳо, ҳатто дар байни ҳомиёни қонун ҳам. Аммо то куҷо мо, ҷомеа, кулли шаҳрвандон омодаем, ки қонунро ҳифз ва пуштибонӣ кунем ва барои иҷрои он мусоидат намуда, ба вайронкардани он роҳ надиҳем? Ҳамеша дар назар дошта бошем, ки Сарқонуни Тоҷикистон аз муқаддасоти миллии мост, ки шояд муқаддастар аз ҳама муқаддасот аст, зеро кафолати ҳифзу ҳимояи ҳама муқаддасоти дигар ба пойдории ҳамин муқаддасот вобастагӣ дорад.

Дар моддаи 30-юми Сарқонун омадааст: “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи озодии истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад ”.  Воқеан ин ҳуқуқ ҳадафи баланди демократӣ дошта, аз ҷониби матбуоти мо, хусусан матбуоти хусусӣ хеле хуш истиқбол гардидаву фавран мавриди истифода қарор гирифт. Мо метавонем ифтихор кунем, ки Давлати Тоҷикистон ба сухан, ба озодии сухан чунин арҷ мегузорад ва ин озодиро дар кишвари мо муяссар гардонидааст.

Аммо оё ҳама ноширону қаламбадастони мо ба қабули озодии сухан омодаанд ва ин мафҳумро дуруст фаҳмидаанд? Оё баъзе нашрияҳои мо сӯйистифода аз озодии суханро аз ҳад нагузаронидаанд?

Озодии сухан ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҳарчи ба забон ояд, бигӯянд, ҳар касеро хоҳанд, таҳқиру туҳмат кунанд, ба иззати нафси мардум расанд, одитарин одоби муоширатро риоя нанамоянд, бе далел одамонро таҳқир кунанд, гунаҳгор созанд, касерову чизеро ва ҳатто қонунро ба эътибор нагиранд ва ин ҳамаро бе мулоҳиза ба чоп расонанд, интишор диҳанд. Мо борҳо ин падидаи нохубро дидаву шоҳид шудаем. Ва ин интишорот гоҳе сабаби моҷарову мурофиаҳои судӣ ҳам гардидаанд. Аммо дар аксари мавридҳо ин густохиҳо, туҳматҳо, худсариҳо ва қонуншиканиҳо аз ҷониби ноширон беҷавоб монда, боиси азхудравиву бемасъулиятии бештари баъзе муаллифони хусуматпеша мешаванд. Ва ин ҳама далели чандон омода набудани мо ба озодии сухан ва матбуот аст.

Ҳол он ки дар ҳамон моддаи 30 – юми Сарқонун омадааст: “Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст”.

Чунин дарки озодии сухан метарсам, ки рӯзе озодии суханро аз байн бубарад. Аз ин рӯ дарки Сарқонун набояд сатҳӣ ва яктарафа сурат бигирад, зеро риояи дастурҳои Сарқонун ба мо зиндагӣ ва кору ҳастии адолатмандона ва ҳадафи неку натиҷаҳои некдоштаро муҳайё месозад.

Дар риояву амалӣ шудани Сарқонун анаҳамин дарки шахсии ҳар шаҳрванд, масъулияти баланди ӯ нақши ҳалкунанда мебозад. То он мавриде, ки тамоми ҷомеаи мо масъулияти худро дар иҷрову риояи Сарқонуни кишварамон бо камоли масъулият ва фаҳмиш ақаллан барои манфиати шахси худаш, дарк, риоя ва иҷро накунад, мо наметавонем ба ҳадафҳои олии худ бирасем, ҷомеаи солиму пешраванда бисозем, ҳам дар сарзамини худ ва ҳам дар хориҷи он сарбаланду пирӯз бошем.

Албатта, мо мардуми тоҷик раҳмдилем, хайрхоҳем, инсондӯстем, аммо пеш аз ҳама маҳалгаро ва хешутаборпарастем ва ин сифат боиси гузаштҳои зиёд,  рӯйихотирбинии  зиёд, яъне қонуншиканиҳо, риоя накардани талаботу тартибот, боиси ҳуқуқвайронкуниҳо мегардад. Аммо бояд бидонем ва ба гӯшамон ин андешаро ҳалқа кунем, ки ҳар хайрхоҳиву раҳмдилии мо, ки боиси шикастани қонун мегардад, ҳаргиз хайрхоҳиву некӣ нест, балки бадист. Некие, ки ба ҷиноят, раҳмдилие, ки ба қонуншиканӣ мебарад, фардо ҷиноятҳои нав, қонуншиканиҳои навро ба бор меорад ва ин ҷомеаи ободу озоду солими моро ба ҷомеаи ҷинояткору риёкору харобу абгору носолим табдил медиҳад, ки на ба фоидаи мову шумову фарзандонамон ва на ба фоидаи фардои миллату кишвар аст.

Мо танҳо чанд нуктаеро аз Сарқонуни кишвар мавриди андешаву гуфтор қарор додем, ҳол он ки ҳар боб, ҳар модда ва ҳар сатри он метавонад мавзӯи мақолаҳову тадиқиқоту пажуҳишҳо қарор гирад ва ҷомеашиносону олимону муҳаққиқону қаламкашони мо вазифадоранд, ки ин корҳоро бо ҳадафи амалӣ сохтани дастурҳо ва ғояҳои баланди миллии Сарқонуни кишвар пайгирӣ кунанд.

Бояд ҳар шаҳрванди кишвар фаҳмад, ки донистани Сарқонун, пеш аз ҳама, донистани ҳуқуқи худ, имкониятҳои худ мебошад ва ин дониш имконият медиҳад, ки аз худ, аз ҳуқуқҳои худ ҳамеша истифода барем ва аз онҳо дифоъ кунем. Иҷрои Сарқонун ва амалӣ сохтани он ба зиндагии ободу озоду бемоҷарову хушбахтонаи фардо кафолат медиҳад.

 Камол  Насрулло,

Шоири халқии тоҷикистон

Октябрь 31, 2015 04:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад