Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган
Душанбе, 29.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Ба муносибати фарорасии солгарди иди миллии Ҷумҳурии Туркия Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишварро самимона табрик мегӯям.
Мо аз он қаноатмандем, ки солҳои охир равобит ва ҳамкории ду кишвар густариш ва тавсеаи матлуб ёфт, ки бешак ба манфиати халқҳо ва кишварҳои мо ва суботу амнияти минтақа аст.
Изҳори умед менамоям, ки муносибатҳо ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариш хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин фурсати нек ва фараҳбахш ба ҷаноби Президент саломатии комилу муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба мардуми Туркия – шукуфоиву саодати зиндагӣ таманно дорам».








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






