Барқияи табрикии Сарвари давлат ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко
Душанбе, 12.10.15. (АМИТ «Ховар»). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барқияи табрикотӣ ирсол дошт, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Александр Григоревич,
Шуморо бо пирӯзии боэътимод дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Беларус самимона ва сидқан шодбош мегӯям.
Мо ин хабарро бо шодмонии хоса дарёфтем. Такроран интихоб шудани Шумо далели равшани боварии олист, ки ба роҳбарӣ ва хатти машйи Шумо дар роҳи шукуфонии кишвар, беҳсозии некуаҳволии мардум ва болобарии бемайлони обрӯи давлати Белорус дар арсаи ҷаҳон зоҳир мегардад.
Тоҷикистон ба муносибатҳои зичи мушорикат бо Ҷумҳурии Беларус, ки ҷавобгӯӣ манофеи миллии ҳар ду давлатанд, баҳои баланд медиҳад. Бовар дорам, ки ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Беларус дар заминаи принсипҳои эҳтироми якдигар ва дарназардошти манофеи дуҷониба рушду густариш тоза меёбад.
Бо истифода аз фурсат омодагии моро дар роҳи якҷоя бо Шумо ба харҷ додани саъю кӯшишҳои зиёд барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус иброз медорам.
Ба Шумо, муҳтарам Александр Григоревич, аз самими қалб сиҳатии бардавом, умри дароз ва дар фаъолияти серсоҳаатон муваффақиятҳои нав орзу дорам».








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






