Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов
Душанбе, 27.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов барқияи табрикотӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Гурбонгулӣ Маликгулиевич,
Бо қаноатмандии бузург ба Шумо табрикот ва таманниёти беҳтарини худро ба муносибати иди миллии Туркманистон — 24-умин солгарди Рӯзи истиқлолият ирсол менамоям.
Мо аз он қаноатмандем, ки ҳамкории мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон муҳтавои нави мусбати дорои хусусиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстона касб мекунад.
Изҳори умед мекунам, ки муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон минбаъд низ равнақ меёбанд. Мо аз ҷониби худ тамоми кӯшишро ба он равона месозем, ки ин муносибот ҳамаҷониба тақвият ёбанд.
Мехоҳам ба Шумо, Гурбонгулӣ Маликгулиевич, тансиҳатӣ ва комёбӣ, ба мардуми бародари туркман сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно бикунам».








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






