Барои гузаронидани аудити экологӣ доштани иҷозатнома ҳатмист
Душанбе, 12.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» илова ворид намуд.
Шамс Назаров -муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Парлумон гуфт, ки ҳадафи пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ворид намудани тағйироти зарурӣ оид ба таъмини иҷрои талаботи моддаи 8- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» барои додани иҷозатнома оид ба ҳуқуқи гузаронидани аудити экологист. Яъне, минбаъд дар ҷумҳурӣ барои гузаронидани аудити экологӣ ташкилот бояд иҷозатнома дошта бошанд. Масъули додани иҷозатнома Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» принсипҳо ва тартиби гузаронидани аудити экологиро дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии таъсири манфии фаъолияти идоракунӣ, хоҷагидорӣ ва дигар намудани фаъолият ба муҳити зист, ҳаёт ва саломатии аҳолӣ муайян менамояд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






