Баррасии раванди таҳияи лоиҳаҳои Стратегияи миллии рушд дар Бадахшон
Хоруғ, 21.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Хоруғ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, мутахассисону коршиносон оид ба муҳокимаи натиҷаҳои раванди таҳияи лоиҳаҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва шакли кории сохтори «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» мизи мудаввар доир гардид. Дар он намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва шакли кории сохтори «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»-ро таҳлил ва баррасӣ намуда, зикр доштанд, ки ин ду ҳуҷҷат, пеш аз ҳама, аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, дар нақшаи чорабиниҳои ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудаанд. Ҳадафи нишаст шинос намудани минтақаҳои кишвар бо натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда дар самти рушди мамлакат, расонидани мӯҳтавои ҳуҷҷатҳои мазкур ба мутахассисони маҳаллӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ва дар заминаи таклифу пешниҳоди иштирокчиён боз ҳам мукаммал намудани ҳуҷҷатҳои мазкур мебошад. Дар ҷаласа масъалаҳои стратегӣ ва ҳамзамон рӯзмарраи кишвар, яъне таъмини рушди устувор, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва беҳдошти некуаҳволии мардум, дар заминаи дуруст муайян намудани ҳадаф ва афзалиятҳои рушд баррасӣ гардиданд. Латиф Шоҳзодаев, сардори бахши рушди иқтисоди вилоят зикр, ки муҳлати амалисозии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015» ба охир расида истодааст ва тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат зарурияти омода намудани «Стратегияи нави миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» ба миён омадааст. Номбурда арз дошт, ки Тоҷикистон дорои минтақаҳои аз ҳам тафовутдошта мебошад ва ин гуногунии шароиту имкониятҳо бояд бештар ба инобат гирифта шаванд. Намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустафо Абдуллоев зикр кард, ки дар натиҷаи татбиқи хуби стратегияҳои рушди сатҳи миллии қаблӣ, сатҳи ниёзмандии аҳолии кишвар аз 53 фоизи соли 2007 ба 32 фоиз дар соли 2014 расонида шуд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






