БАТР тибқи стратегияи нави худ сармоягузориашро ба Тоҷикистон афзоиш медиҳад
Душанбе, 15.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ тибқи стратегияи нави худ сармоягузориро барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон тақвият дода, интизор меравад, ки соли равон дар ин самт 200 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намояд. Ин нишондод дар қиёс нисбат ба сармоягузории дар соли 2014 расонидаи БАТР дар Тоҷикистон ду баробар зиёд аст. Соли 2014 БАТР ба иқтисодиёти Тоҷикистон 75 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда буд.
Масару Хонма -директори минтақавии БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамоиши байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» гуфт: «Мо ният дорем, теъдоди лоиҳаҳоямонро аз 11 адади соли гузашта ба 15 адад расонем».
Масару Хонма ҳамзамон доир ба паҳлуҳои стратегияи нави БАТР барои Тоҷикистон, ки моҳи июли соли равон тасдиқ гардидаанд ибрози назар намуд. Мавсуф гуфт, ки стратегияи нави БАТР барои Тоҷикистон фарогири се бахш буда, он барои дастгирии бахши соҳибкории Тоҷикистон нигаронида шудааст. Бахши якум ба рушди ифрасохтори бонкӣ, густариши фазои соҳибкорӣ ва дастгирии корхонаҳои хусусӣ нигаронида шудааст. Дар бахши дуюм БАТР беҳсозӣ ва самаранокии хизматрасониҳоро дар соҳаи коммуналӣ, аз қабили обу энергетика дастгирӣ менамояд. Бахши сеюми стратегияи нави БАТР барои Тоҷикистон фарогири масоили ҳамгироии минтақавӣ, назири сармоягузории минтақавӣ ва савдои минтақавист.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






