БМТ: Мулоқот бо намояндагони ташкилоти байналхалқии молиявӣ
Душанбе, 26.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Масъалаҳои идомаи ҳамкории дуҷониба ва мушаххасу самаранок бо ташкилоти байналхалқии молиявӣ дар вохӯрии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Ричард Ҷонс- роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Себастян Фариниаз- роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба дастгирии маблағгузории хурди ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон хонум Зарина Одинаева — роҳбари Лоиҳаи таҳкими инфрасохтори молиявии Осиёи марказӣ ва Озарбойҷони Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ ва Муҳаммадӣ Бобоев -иқтисодчии Намояндагии доимии Бонки осиёии рушд дар ҷумҳурӣ, ки 23 октябри соли равон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд зикр кард, ки мулоқоти намояндагони ташкилоти байналхалқии молиявӣ бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон идомаи вохӯрии ҷонибҳо аз 22 сентябри соли равон аст, ки дар он дархости бонк ҷиҳати расонидани кумаки техникӣ аз ҷониби донорҳо пешниҳод шуд.
Дар ҷараёни мулоқот намояндагони ташкилоти байналхалқии молиявӣ аз ҳамкории судманд бо департаменту идораҳои Бонки миллии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки барои се — чор соли оянда барномаҳои мушаххаси ҳамкорӣ оид ба кумакҳои техникӣ таҳия шудаанд ва қисме аз онҳо аллакай мавриди амал қарор доранд.
Ҷонибҳо дар идомаи суҳбат масъалаҳои расонидани кумаку дастгириҳои техникӣ, ҷалби машваратчиёну коршиносони сатҳи байналмилалӣ барои беҳтар кардани фаъолияти бахшҳои гуногуни низоми бонкии ҷумҳурӣ, аз ҷумла назорати бонкӣ, тавозуни пардохт, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ, Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандон, суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳо барои муҳлатҳои кутоҳмуддат, миёнамуҳлат ва дарозмуддатро ҳамаҷониба муҳокима намуданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






