Боҷи давлатӣ барои хариду фурӯши автомобил бо ваколатнома то 600 сомонӣ баланд хоҳад гашт

Октябрь 22, 2015 06:52

Душанбе, 22.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Дар Тоҷикистон боҷи давлатӣ барои хариду фурӯши воситаҳои нақлиётии автомобилӣ бо  ваколатнома аз 2 ба 15 нишондиҳанда  барои ҳисобот баланд бардошта шуда, ё худ  он аз 80 сомонӣ то ба 600 сомонӣ расонида мешавад.  Дар иртибот ба ин вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат пешниҳоди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» -ро қабул намуданд. 
Маҳмадсаид Саидзода- сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии /БДА/ Вазорати умури дохилии кишвар ҳадафи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»-ро ба  ҷилавгирӣ аз  хариду фурӯши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз тариқи ваколатнома, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар ошкоркунии ҷиноятҳо бо истифода аз воситаҳои нақлиёти автомобилии содиршаванда,  баланд бардоштани самаранокии фаъолияти маркази низоми худкори  идоракунӣ дар бахши нақлиёт,  ки дар байни мардум бо номи «Шаҳри бехатар»  маъмул аст, инчунин аз байн бурдани  баҳсҳо оид ба иҷрои амрнома дар бораи  таъйини ҷаримаи маъмурӣ ва баланд бардоштани интизоми  соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат дар роҳ рабт дод.
Мавсуф афзуд, ки аз рӯзи фаъолияти «Шаҳри бехатар»  беш аз 5 ҳазору 500 амрномаи БДА оид ба таъйини ҷаримаи маъмурӣ барои  содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки тавассути воситаҳои махсус  дар соҳаи нақлиёт сабт шудаанд ва ба маблағи 1 миллион сомонӣ бинобар муайян нагаштани шахси идоракунандаи нақлиёт дар вақти сабти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ   мавриди баҳс қарор дорад. 
Зикр шуд, ки тибқи қисми 1-и моддаи 210-и  Кодекси  граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатнома аз ҷониби як шахс ба шахси дигар додани ваколати хаттӣ барои намояндагӣ дар назди шахси сеюм дониста мешавад. Аммо тавре  ки амалия нишон медиҳад, ин меъёри Кодекс ҳамчун асос барои муомилоти хариду фурӯши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ  аз ҷониби шаҳрвандон истифода гардида,  хариду фурӯши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз тариқи ваколатнома ба ҳолати муқаррарӣ табдил  гардидааст. Шаҳрвандон воситаҳои  нақлиёти автомобилиро на дар робита ба талаботи пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мефурӯшанд, балки хариду фурӯши воситаҳои  нақлиётро аз тариқи барасмиятдарории ваколатнома амалӣ менамоянд. 
Маҳмадсаид Саидзода  зикр кард, ки  тибқи маълумоти Раёсати  БДА дар тӯли соли  2014 ва 9 моҳи соли ҷорӣ  беш аз 80 ҳазору 900 нафар соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ  хилофи талаботи бақайдгирии давлатии  воситаҳои механикии нақлиёт,  бидуни  аз ҳисоб хориҷ кардан ва рақамҳои бақайдгирии давлатиро ба воҳидҳои бақайдгирии БДА супоридан,  воситаҳои нақлиёти автомобилиро  аз тариқи ваколатнома хариду фурӯш намуданд. Инчунин тибқи моддаи 212-и Кодекси мазкур шахсе ваколатдор шуда метавонад, ки  амалҳои хариду фурӯши воситаҳои нақлиётро ба шахсони дигар низ вогузор намояд. Тибқи моддаи 53 -и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»,   нотариуси давлатӣ ваколатномаро аз номи як шахс ё якчанд шахс ба номи як ё якчанд шахс ба тартиби муқаррар намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Доираи шахсони  истифодабарандаи  воситаҳои нақлиёт тибқи ваколатнома номаҳдуд мебошад, ки ин ҳолат барои  ошкор намудани ҷиноятҳои бо истифода аз воситаҳои нақлиёти содиршаванда ва муайян намудани шахси  ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содирнамуда, ки тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунии «Шаҳри бехатар» сабт мегардад, мушкилот ба миён овардааст. 
Сардори Раёсати  БДА афзуд, ки сабабҳои асосии амалӣ шудани хариду фурӯши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз тариқи  ваколатнома- ин андозаи пасти боҷи давлатии ситонидашаванда, яъне ду нишондиҳанда барои ҳисобот ё худ 80 сомонист. М. Саидзода зикр кард, ки барои  тасдиқи  ваколатномаи ҳуқуқи истифода ва  ихтиёрдории воситаҳои  нақлиёт барои  дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳолате, ки барои амалӣ намудани хариду фуруши нақлиёт ва пайгирии онҳо   дар БДА тибқи тартиби муқаррар намуда аз 580 то 620 сомонӣ сарф мешавад. Аз ҷумла, ҳангоми аз қайд баровардани воситаҳои нақлиёт 65 сомонӣ,  тасдиқномаи мағозаи комиссионӣ аз 120 то 170 сомонӣ,   боҷи давлатӣ 17 сомонӣ, рақамҳои давлатӣ ва шаҳодатномаи   бақайдгирии воситаҳои нақлиёт  370 сомониро ташкил медиҳад. 
Сардори Раёсати БДА гуфт, ки қабули қонуни мазкур имконият медиҳад, ки хариду фурӯши воситаҳои нақлиёт аз тариқи ваколатнома дар миқёси кишвар коҳиш дода шавад. 
Бояд тазаккур дод, ки ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», ки боҷи давлатиро ҳангоми хариду фурӯши автомобил  бо ваколатнома аз 80 сомонӣ то 600 сомонӣ баланд мебардорад, баъд аз ҷонибдорӣ ёфтан аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ ва имзои Президенти кишвар қонунӣ хоҳад гашт. Алҳол шаҳрвандон имкон доранд зимни харидуфуруши автомобил тавассути ваколатнома  боҷи давлатиро ба андозаи ду нишондод барои ҳисобот ё худ ба андозаи 80 сомонӣ пардохт намоянд. 

 

Октябрь 22, 2015 06:52

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад