Бонки ҷаҳонӣ ташкили озмоишгоҳи муосирро маблағғузорӣ карданист
Душанбе, 28.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Душанбе мулоқоти роҳбари Сарраёсати геологияи Тоҷикистон Мурод Хол бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, ки вазифаҳояшон иборат аз назорати иҷрои лоиҳаи «Иртиқои рақобатпазирии бахши инфиродӣ» ва баррасии масоили марбут ба саноати маъдан аст, баргузор гардид.
Тавре ки дафтари матбуоти Сарраёсати геология хабар медиҳад, ҷонибҳо масоили марбут ба қабули таҳрири нави қонун «Дар бораи қаъри замин», фаъолияти ширкати GAFAC — и Олмон барои таҳияи маълумотнома дар бораи маъдан ва истифодаи маблағҳои Бонки ҷаҳонӣ барои ширкати мазкур, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба лоиҳаи «Иртиқои рақобатпазирии бахши инфиродӣ» — ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Сардори Сарраёсати геология пешниҳод намуд, ки Бонки ҷаҳонӣ барои ташкили озмоишгоҳи муосири дорои технологияҳои нав маблағ ҷудо намуда, барои тарбияи кормандони озмоишгоҳ мутахассисони моҳирро даъват кунад.
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ин пешниҳодро пазируфта, изҳор доштанд, ки барои амалӣ шудани он саъй мекунанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






