Бонки ҷаҳонӣ ташкили озмоишгоҳи муосирро маблағғузорӣ карданист

Октябрь 28, 2015 06:54

Душанбе, 28.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар  шаҳри  Душанбе  мулоқоти  роҳбари Сарраёсати  геологияи  Тоҷикистон  Мурод Хол бо  намояндагони  Бонки  ҷаҳонӣ, ки  вазифаҳояшон иборат  аз  назорати иҷрои  лоиҳаи «Иртиқои  рақобатпазирии  бахши  инфиродӣ» ва баррасии  масоили  марбут ба  саноати  маъдан  аст,  баргузор гардид. 
Тавре  ки  дафтари  матбуоти Сарраёсати  геология   хабар  медиҳад, ҷонибҳо  масоили   марбут ба  қабули таҳрири  нави  қонун «Дар  бораи қаъри  замин»,  фаъолияти  ширкати GAFAC — и  Олмон барои таҳияи маълумотнома  дар  бораи  маъдан  ва  истифодаи  маблағҳои Бонки  ҷаҳонӣ барои  ширкати  мазкур,  ҳамчунин масъалаҳои марбут ба   лоиҳаи  «Иртиқои  рақобатпазирии   бахши  инфиродӣ» — ро мавриди  муҳокима  қарор  доданд.
Сардори  Сарраёсати  геология пешниҳод  намуд, ки Бонки  ҷаҳонӣ  барои  ташкили озмоишгоҳи  муосири  дорои  технологияҳои нав  маблағ ҷудо  намуда, барои тарбияи  кормандони озмоишгоҳ  мутахассисони моҳирро  даъват  кунад. 
Намояндагони  Бонки  ҷаҳонӣ  ин  пешниҳодро  пазируфта, изҳор  доштанд, ки  барои  амалӣ  шудани он  саъй  мекунанд. 

Октябрь 28, 2015 06:54

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд