Боздиди ҳамсари Сарвазири Ҷопон хонум Акиэ АБЭ аз мактаби №28-и пойтахт

Октябрь 24, 2015 10:38

Душанбе, 24.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз, 24-уми октябр ҳамсари Сарвазири Ҷопон хонум Акиэ АБЭ  ва ҳамсари сафири Ҷопон дар Тоҷикистон хонум  Сукико КОЙКЭ дар маросими ба анҷом расидани  марҳилаи якуми лоиҳаи «Рушди таҳсилоти фарогир» дар мактаби таҳсилоти умумии  №28 иштирок намуданд. Лоиҳа аз  тарафи Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Ҷопон  (АКД Ҷопон) амалӣ гардид. 
Дар маросим ҳамчунин муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷопон, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, падару модарон, омӯзгорон ва толибилмон  иштирок намуданд.  
Лоиҳаи мазкур аз  29 январи соли 2014 оғоз гашта, дар давоми 9 моҳ амалӣ шуд.  Лоиҳа аз ҷониби  Ҳукумати Ҷопон ба маблағи умумии 329,060 доллари ИМА маблағгузорӣ шуд. Лоиҳа марҳилаи аввали  татбиқи се барномаи  мусоидат ба таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 
Хонандагони ин мактаб дар назди меҳмонони ҷопонӣ бо суруду рақсҳои ҷолиб баромад намуданд.   Хонандагони имконияташон маҳдуд барои меҳмонон шеър қироат карданд. Акиэ АБЭ  қайд намуд: «Ман имрӯз хело хурсандам, ки ба Тоҷикистон ташриф овардам. Ҷомеае, ки ҳама дар он новобаста аз имконоташон баробар зиндагӣ мекунанд, ҷомеаи мувофиқ ба ҳисоб меравад». Пас аз барномаи консертӣ меҳмонон дар дарси кушоди яке аз синфҳо, ки дар он хонандагони имконияташон маҳдуд  дарс мехонданд,  иштирок намуданд.  
Сарвари мактаби №28  Гулчеҳра Ғаниева ба меҳмонон иттилоъ дод, ки дар мактаби мазкур ҳоло беш аз 25 хонандаи имконияташ маҳдуд  таҳсил мекунанд.
 «Ба талабагони мо омӯзгорони  баландихтисос дарс мегӯянд. Ҳоло дар мактаб  74 муаллим фаъолият мекунад, ки  38 нафари  онҳо  курсҳои  махсуси  кор бо хонандагони имконияташон маҳдудро гузаштаанд.  Мо кӯшиш дорем, ки ҳамаи кӯдакони имконияташон маҳдудро барои таҳсил ба мактабҳои ҳамагонӣ ҷалб намоем. Волидайни чунин кӯдакон ва худи онҳо бояд ба хубӣ дарк намоянд, ки аз ҳамсолони худ ягон тафовут надоранд. Хонандагони имконияташон маҳдуд дар ақлу дониш аз дигарон фарқ намекунанд»,- гуфт Гулчеҳра Ғаниева. 
Меҳмонон пас аз дарси кушод аз мактаб дидан намуданд. Бояд гуфт, ки мактаби мазкур барои кӯдакони имконияташон маҳдуд махсус гардонида шудааст.  Ёдовар мешавем, ки  қисми якуми лоиҳа аз махсусгардонии  бинои мактаб,  таъминот бо таҷҳизоти махсус, остона ва дастакҳои  махсус барои маъюбон ва  ҳоҷатхонаҳои махсус  иборат буд. Инчунин хонандагон бо  маводи таълимӣ, таҷҳизот ва аробачаҳо  таъминанд.
Мақсади ниҳоии  лоиҳа- ин дастгирии татбиқи  «Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир барои кўдакони имконияташон  маҳдуд барои солҳои  2011 — 2015», ки аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, мебошад. 
Бино ба гуфтаи Гулчеҳра Ғаниева онҳо ҳоло ҳамкориро бо кӯдакистонҳо низ ба роҳ мондаанд. «Мо мехоҳем, ки кӯдакони имконияташон маҳдудро барои мактаб тайёр намоем. Албатта, ҳар як падару модар аз додани фарзанди имконияташ маҳдуд ба мактаб тарсу ҳарос дорад ва мо кӯшиш мекунем онҳоро бо имконият ва шароити мактабамон шинос намоем, то  кӯдакон ва волидайн пеш аз ба мактаб омадан дар бораи ин муассиса таассуроти хуб пайдо кунанд»,-иброз дошт сарвари мактаб.   
Меҳмонон аз ҷумла аз синфи методии мактаб, ки барои падару модарон ва кӯдакон омода шудааст, дидан намуданд. 
Дар анҷоми чорабини директории мактаб Б. Ғаниева ба Акиэ АБЭ туҳфаҳои хотиравӣ, ки маҳсули дастони кӯдакони имконияташон маҳдуд буданд, тақдим намуд. Меҳмони ҷопонӣ дар навбати худ ба кӯдакон туҳфаҳои аз Ҷопон овардаашро супорид.
Ёдовар мешавем, ки қисми дуюми лоиҳа ба  омӯзиш ва такмили ихтисоси омӯзгороне, ки бо хонандагони имконияташон маҳдуд кор мекунанд, равона гардид. 
АКД Ҷопон  барои 108 омӯзгори 58 мактаби шаҳри Душанбе ва кормандони ташкилоти ҷамъиятӣ 4 омӯзиш гузаронидааст. Ғайр аз ин, дар байни омӯзгорон ва хонандагони мактабҳо  машваратҳо баргузор намудааст.
Бояд гуфт, ки 4 намояндаи мактабҳо ва ташкилоти шарики лоиҳа ба Ҷопон сафар намуда, бо намунаи  таълими кўдакони имконияташон маҳдуд ошно гаштаанд. 

 

Октябрь 24, 2015 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд